Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Каси дигар аз ранҷи мо бар хурад,
Намонад бар ӯ низу ҳам бигзарад,
Чунин рафта з-оғоз яксар сухан,
Ҳамин бошаду ин нагардад куҳан.
Агар тӯша-мон некномӣ бувад,
Равонмон бад-он сар гиромӣ бувад
В-агар оз варзему печон шавем,
Падид ояд он гаҳ, ки беҷон шавем.
Гар айвони мо сар ба кайвон-бар аст,
Аз он баҳраи мо яке чодар аст.
Чу пӯшанд бар рӯи мо хишту хок,
Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.
Биёбону он мард бо тез дос,
Тару хушкро з-ӯ дил андар ҳарос,
Тару хушк як сон ҳаме бидравад
В-агар лоба созӣ, сухан нашнавад,
Даравгар замон асту мо чун гиё,
Ҳамонаш набера, ҳамонаш ниё,
Ба пиру ҷавон як ба як нангарад,
Шикоре, ки пеш оядаш, бишкарад,
Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод,
Ки ҷуз маргро кас зи модар назод,
Аз ин дар дарояд, аз он бигзарад,
Замона бар ӯ дам ҳаме бишмарад.»
ҲУНАР НАМУДАНИ ЗОЛ
ДАР ПЕШИ МАНУЧЕҲР
Чу Зол ин суханҳо бикард ошкор,
Аз ӯ шодмон шуд дили шаҳриёр.
Ба шодӣ ҳама анҷуман бар шигифт,
Шаҳаншоҳи гетӣ зеҳозеҳ гирифт.
Яке ҷашнгоҳе биорост шоҳ,
Чунон чун шаби чордаҳ чархи моҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё