Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Се рӯз андар он корашон шуд диранг,
Бирафтанд бо зиҷи ҳиндӣ ба чанг,

Забон баркушоданд бар шаҳриёр,
Ки «Кардем бо чархи гардон шумор,

Чунин омад аз ройи ахтар падид,
Ки ин оби равшан бихоҳад давид,

Аз ин духти Меҳробу аз пури Сом
Гави пурманиш зояду некном,

Бувад зиндагонӣ-ш бисёрмар,
Ҳамаш зӯр бошад, ҳамаш ному фар,

Ҳамаш заҳра бошад, ҳамаш мағзу ёл,
Ба разму ба базмаш набошад ҳамол,

Куҷо бораи ӯ кунад мӯй тар,
Шавад хушк ҳамразми ӯро ҷигар,

Уқоб аз бари тарги ӯ нагзарад,
Сарону меҳонро ба кас нашмарад,

Яке бурзболо бувад, зӯрманд,
Ҳама шер гирад ба хамми каманд,

Бар оташ яке гӯр бирён кунад,
Ҳаворо ба шамшер гирён кунад,

Камарбастаи шаҳриёрон бувад,
Ба Эрон паноҳи саворон бувад!»

Манучеҳр шуд шодмон з-ин сухан,
Бипардохт дилро зи ранҷи куҳан,

Чунин гуфт пас шоҳи гарданфароз,
Ки «Ин ҳар чи гуфтед, доред роз!»²

ПАЖӮҲИШ КАРДАНИ МӮБАДОН АЗ ЗОЛ

Бихонд он замон Золро шаҳриёр,
К-аз ӯ хост кардан сухан хостор.

Нишастанд бедордил бихрадон,
Ҳамон Зол бо номвар мӯбадон,

Зиҷ – зич, ҷадвали нуҷумӣ, ки вазъи ситораҳоро бозгӯ мекард.
Доред роз – пинҳон доред.

пешина
аз 345
навбатӣ