Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу омад ба наздикии боргоҳ,
Сабук назди шоҳаш кушоданд роҳ.
Чу наздики тахт андаромад, замин
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин,
Замоне ҳамедошт бар хок рӯй,
Бад-ӯ дод дил шоҳи озармҷӯй.¹
Бифармуд, то рӯяш аз хоки хушк
Сутурданду бар вай бибурданд мушк.
Биомад бари тахти шоҳ арҷманд,
Бипурсид аз ӯ шаҳриёри баланд,
Ки «Чун будӣ, эй паҳлавонзода мард,
Бад-ин роҳи душвори бо боду гард?»
«Ба фарри ту, – гуфто, – ҳама беҳтарист,
Або ту ҳама ранҷ ромишгарист!»
Аз ӯ бистад он номаи паҳлавон,
Бихандиду шуд шоду равшанравон,
Чу бархонд, посух чунин дод боз,
Ки «Ранҷе фузудӣ ба дил-бар дароз,
Валекин бад-ин номаи дилпазир,
Ки бинвишт бо дарди дил Соми пир,
Агарчи дилам гашт аз ин бас дижам,
Бар онам, наандешам аз бешу кам,
Барорам, бисозам ҳама коми ту,
Ки ин аст фарҷому анҷоми ту.
Ту якчанд мебош наздам ба пой,
Ки то ман ба корат занам нек рой!»…
Бифармуд, то мӯбадону радон,
Ситорашиносону ҳам бихрадон
Кунанд анҷуман пеши тахти баланд,
Зи кори сипеҳрӣ пажӯҳиш кунанд.
Бирафтанду бурданд ранҷе дароз,
Ки то бо ситора чи ёбанд роз,
Озармҷӯй – боинсоф, одил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё