Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки парвардаи мурғ бедил шудаст,
Зи оби мижа пой дар гил шудаст,

Арӯс ар ба меҳр-андарун ҳамчу ӯст,
Сазад, гар бароем ҳарду зи пӯст!

Яке рӯи он баччаи аждаҳо
Маро низ бинмову бистон баҳо,

Магар дидани ӯ писанд оядам
Ва гуфтори ӯ судманд оядам.»

Бад-ӯ гуфт Синдухт: «Агар паҳлавон
Кунад бандаро шоду равшанравон,

Чамонад ба кохи ман-андар саманд,
Сарам бар шавад б-осмони баланд,

Ба Кобул чу ту шаҳриёр оварем,
Ҳама пеши ту ҷон нисор оварем!»

Лаби Сом Синдухт пурханда дид,
Ҳама бехи кин аз дилаш канда дид.

Ба ханда бад-ӯ гуфт Соми далер,
К-«Аз андеша дилро макун ҳеч сер,

Барояд ба коми ту ин кор зуд!»
Чу бишнид Синдухт, пӯзиш намуд,¹

Биомад аз он ҷойгаҳ шодком,
Рух аз хуррамӣ гашта ёқутфом,

2
Наванди диловар ба кирдори бод
Барафканду Меҳробро мужда дод,

К-«Аз андешаи бад макун ёд ҳеч
Дилат шод кун, кори меҳмон бисеч!»…

ОМАДАНИ ЗОЛ БО НОМАИ СОМ
БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР

Чу огоҳӣ омад суи шаҳрёр,
Ки омад зи раҳ Золи Соми савор,

Пазира шудандаш ҳама саркашон,
Ки буданд дар подшоҳӣ нишон.

Пӯзиш – маъзарат хостан, узрхоҳӣ.
Наванд – наванда, асп, аспи тезрав.

пешина
аз 345
навбатӣ