Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-он, то бипурсанд аз ӯ чанд чиз,
Суханҳои бинҳуфта дар парда низ.
Бипурсид мар-Золро мӯбаде,
Аз ин тезҳуш ройзан бихраде,
Ки «Дидам даҳу ду дарахти саҳӣ,
Ки рустаст шодоб бо фарраҳӣ,
Аз он барзада ҳар яке шох сӣ,
Нагардад каму беш дар порсӣ?»
Дигар мӯбаде гуфт: «Эй сарфароз,
Ду аспи гаронмояи тезтоз,
1
Яке з-он ба кирдори дарёи Қор,
Яке чун булӯри сапед обдор,
Биҷунбанду ҳар ду шитобандаанд,
Ҳамон якдигарро наёбандаанд?»
Се дигар чунин гуфт, к-«Он сӣ савор,
Куҷо баргузаштанд бар шаҳриёр,
Яке кам шавад рост, чун бингарӣ,
Ҳама сӣ бувад, боз чун бишмарӣ?»
Чаҳорум чунин гуфт, к-«Он марғзор,
Ки бинӣ пур аз сабзаву ҷӯйбор,
Яке мард бо тез досе бузург
Суи марғзор-андар ояд сутург,
Ҳама тарру хушкаш ба ҳам бидравад,
Агар лоба созӣ, сухан нашнавад?»
Дигар гуфт, к-«Он саркашида ду сарв
Зи дарёи пурмавҷ бар сони ғарв,
Яке мурғ дорад бар он-бар куном,
Нишемаш ба шом он бувад, ин ба бом,
Аз ин чун бипаррад, шавад барг хушк,
Бар он барнишинад, диҳад бӯи мушк,
Аз он ду ҳамеша яке обдор,
Яке пажмурида, шуда сӯгвор?»
Қор – номи дарё, дар ин ҷо ба маънои сиёҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё