Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамон кун, ки бо меҳтарӣ дархурад,
Туро худ наомӯхт бояд хирад…

Зи Соми Наримон ба шоҳи ҷаҳон
Ҳазор офарин боду ҳам бар меҳон!»

Чу нома набиштанду шуд рой рост,
Ситонандаи нома бар пой хост,

Биомад, ба зин-андар овард пой,
Баромад хурӯшидани карраной…

ХАШМ ГИРИФТАНИ МЕҲРОБ
БАР СИНДУХТ

Ба Кобул чу ин достон фош гашт,
Сари марзбон пур зи пархош гашт.

Барошуфту Синдухтро пеш хонд,
Ҳама хашми Рӯдоба бар вай биронд.

Бад-ӯ гуфт, к-«Акнун ҷуз ин рой нест,
Ки бо шоҳи гетӣ маро пой нест,

Ки орам-т бо духти нопоктан,
Кушам зоратон бар сари анҷуман,

Магар шоҳи Эрон аз он хашму кин
Биосояду ром гардад замин!»

Чу Синдухт бишнид, пешаш нишаст,
Дили чораҷӯй андар андеша баст.

Яке чора овард аз дил ба ҷой,
Ки буд жарфбин ӯ ба тадбиру рой

В-аз он пас давон, даст карда ба каш,
Биомад бари шоҳи хуршедфаш,

Бад-ӯ гуфт: «Бишнав зи ман як сухун,
Чу дигар яке комат ояд, бикун.

Туро хоста гар зи баҳри тан аст,
Бибахшу бидон, к-ин шаб обистан аст,

Агарчанд бошад шаби дерёз,
Бад-ӯ тирагӣ ҳам намонад дароз,

пешина
аз 345
навбатӣ