Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу ман кардам, ӯ душманон кам кунад,
Ҳунарҳои ӯ дил-т хуррам кунад.
Яке орзӯ дорад андар ниҳон,
Биояд, бихоҳад зи шоҳи ҷаҳон,
Яке орзӯ, к-он ба Яздон накӯст,
Куҷо некуӣ зери фармони ӯст.
Накардем бе ройи шоҳи бузург,
Ки банда набояд, ки бошад сутург,
Ҳамоно, ки бо Зол паймони ман
Шунидаст шоҳи ҷаҳонбони ман,
Ки бо ӯ бикардам миёни гурӯҳ,
Чу бозоваридам зи Албурзкӯҳ,
Ки аз ройи ӯ сар напечам ба ҳеч,
Бад-ин орзӯкард зӣ ман басеч.¹
Ба пеши ман омад пур аз хуну хок,
Ҳаме омадаш з-устухон чок-чок,
Маро, гуфт, бар дори Омул кунӣ,
Сазотар, ки оҳанги Кобул кунӣ!
Чу парвардаи мурғ бошад ба кӯҳ,
Фиканда ба дур аз миёни гурӯҳ,
Чунон моҳ бинад ба Кобулситон,
Чу сарви саҳӣ, бар сараш гулситон,
Чу девона бошад, набошад шигифт,
Аз ӯ шоҳро кин набояд гирифт!
Кунун ранҷу меҳраш ба ҷое расид,
Ки бахшоиш орад, ҳар он, к-аш бидид.
Зи бас дард, к-ӯ хӯрд бар бегуноҳ,
Маро рӯз аз андӯҳи ӯ шуд сиёҳ.
2
Гусӣ кардамаш бо дили мустаманд,
Чу ояд ба наздики тахти баланд,
Ба ин орзӯ сӯи ман омад.
Гусӣ – гусел.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё