Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба пеши падар шуд чу хуршеди Шарқ,
Ба ёқути зард-андарун гашта ғарқ,

Падар чун варо дид, хира бимонд,
Ҷаҳонофаринро ниҳонӣ бихонд.

Биҳиште буд ороста пурнигор,
Чу хуршеди тобон ба хуррамбаҳор.

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шуста мағз аз хирад,
Ба пургавҳарон ин кай андархурад,

Ки бо аҳриман ҷуфт гардад парӣ,
Ки на тоҷ бодат, на ангуштарӣ!

1
Гар аз дашт Қаҳтон яке моргир
Шавад муғ, бибояд-ш куштан ба тир!»

Чу Рӯдоба ин аз падар бишнавид,
2
Дилаш гашт пурхун, рухаш шанбалид,

Сияҳмижжа бар наргисони дижам
Фурӯ хобаниду назад ҳеч дам.³

Падар, дил пур аз хашму сар пур зи ҷанг,
Ҳаме гашт ғуррон ба сони паланг.

Суи хона шуд духтари дилшуда,
Рухони муасфар ба хун ожада.⁴

Ба Яздон гирифтанд ҳарду паноҳ,
Ҳамон дилшуда моҳу ҳам пешгоҳ.

ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР
АЗ КОРИ ЗОЛ ВА РӮДОБА

Пас огоҳӣ омад ба шоҳи бузург
Зи Меҳробу Дастони Соми сутург,

Зи пайванди Меҳробу аз меҳри Зол
В-аз он ноҳамолони гашта ҳамол.

Сухан рафт ҳар гуна бо мӯбадон
Ба пеши сарафроз шоҳи ҷаҳон.

1
Қаҳтон – Қаҳтон бинни Омир, ниёи қаҳтониён, шаҳриёри Яману ғосиби Ҳиҷоз.
2
Шанбалид – гиёҳи сарироҳие, ки гули зардаш бӯи тезу тунд дорад.
Хобанид – хобонид, хам кард.
Ожада – дар ин ҷо ба маънии олуда.

пешина
аз 345
навбатӣ