Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин гуфт Синдухтро номдор,
Ки «Рӯдобаро, хезу назди ман ор».
Битарсид Синдухт аз он тезмард,
Ки Рӯдобаро андарорад ба гард,
Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Ки ӯро супорӣ ба ман тандуруст
В-аз он чун биҳишти барин гулситон
Нагардад тиҳӣ рӯи Кобулситон!»
Яке сахт паймон ситад з-ӯ нахуст,
Ба чора дилашро зи кина бишуст,
Забон дод Синдухтро номҷӯй,
Ки Рӯдобаро бад наорад ба рӯй,
Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки шоҳи замин
Сар аз мо кунад з-ин сухан пур зи кин,
Намонад бару бум, на мому на боб,
Шавад паст Рӯдобаву рӯди об!»
Чу бишнид Синдухт, сар пеши ӯй
Фурӯ бурду бар хок бинҳод рӯй.
Бари духтар омад пур аз ханда лаб,
Кушода рухи рӯзгун зери шаб,
Ҳаме мужда додаш, ки ҷангипаланг
Зи гӯри жиён кард кӯтоҳ чанг,
Ба додори доранда Меҳроби гурд
Яке сахт савгандро ном бурд,
Ки н-озорад аз кина як тори мӯй
Бар он сарви симинбару моҳрӯй,
«Кунун зуд пероя бикшо зи рӯй,
Ба пеши падар шав, ба зорӣ бимӯй!»¹
Бад-ӯ гуфт Рӯдоба: «Пероя чист,
Ба ҷои сари моя бемоя чист?
.
Равони маро пури Сом аст ҷуфт,
Чаро ошкоро бибояд нуҳуфт?»
Бимӯй – нола бикун, зорӣ бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё