Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

К-аз ин огаҳӣ ёфт Соми савор,
Ба дил тарсу тимор чандин мадор,
Вай аз Гургсорон бад-ин гашт боз,
Кушода шудаст ин сухан, нест роз!»
Чунин гуфт Меҳроб, к-«Эй моҳрӯй,
Сухан ҳеч бо ман ба кажжӣ магӯй!
Чунин худ кай андархурад бо хирад,
Ки мар-хокро бод фармон барад?!
Маро нестӣ дил бар ин дардманд,
Агар эминӣ ёбам аз ин газанд,
Зи Золи гаронмоя домод беҳ
Набошад, ҳаме донад аз кеҳу меҳ!
Кӣ бошад, ки пайванди Соми савор
Нахоҳад зи Тотор то Қандаҳор?!»
Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй сарфароз,
Ба гуфтори кажже мабодам ниёз,
Газанди ту пайдо газанди ман аст,
Дили дардманди ту банди ман аст,
Чунин асту ин бар дилам шуд дуруст,
Ҳамин буд гумоне маро аз нахуст,
К-аз он гуна дидӣ маро дарднок,
Ба ғам хуфта, шодӣ зи дил рафта пок.
Агар бошад ин, нест кори шигифт,
Ки чандин-т андеша бояд гирифт,
Фаридун ба Сарви Яман гашт шод,
Ҷаҳонҷӯй Дастон ҳамин кард ёд,
Ки аз оташу обу аз боду хок
Шавад тира рӯи замин тобнок,
Биовард пас посухи нома пеш,
Варо гуфт: «Хуш кун аз ин коми хеш,
Ҳар он гаҳ, ки бегона шуд хеши ту,
Бувад тира рӯи бадандеши ту!»
Ба Синдухт Меҳроб биспурд гӯш,
Диле пур зи кина, саре пур зи ҷӯш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё