Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунон дон, ки Рӯдобаро пури Сом
Ниҳонӣ ниҳодаст ҳар гуна дом,

Бибурдаст равшан дили ӯ зи роҳ,
Яке чора-мон кард бояд нигоҳ.

Басе додамаш панду суде накард,
Дилаш хира бинам, ду рухсора зард».

Чу бишнид Меҳроб, бар пой ҷаст,
Ниҳод аз бари дастаи теғ даст,

Танаш гашт ларзону рух лоҷвард,
Пур аз хун ҷигар, лаб пур аз боди сард,

Ҳаме гуфт: «Рӯдобаро рӯди хун
Бирезам ба рӯи замин ҳам кунун!»

Чу он дид Синдухт, бар пой ҷаст,
Камар кард бар гирдгоҳаш ду даст,

Чунин гуфт, к-«Аз кеҳтар акнун яке
Сухан бишнаву гӯш дор андаке

В-аз он пас ҳамон кун, ки рой оядат,
Бар он рав, ки дил раҳнамой оядат!»

Бипечиду андохт ӯро ба даст,
Хурӯше баровард чун пили маст,

Ҳаме гуфт: «Чун духтар омад падид,
Бибоистамаш дарзамон сар бурид!

Накуштам, нарафтам ба роҳи ниё,
Кунун сохт бар ман чунин кимиё!¹

Писар, к-ӯ зи роҳи падар бигзарад,
Далераш зи пушти падар нашмарад!..

Агар Соми ял бо Манучеҳршоҳ
Биёбанд бар мо яке дастгоҳ,

Зи Кобул барояд ба Хуршед дуд,
Намонад бар ин бум кишту дуруд!»

Чунин гуфт Синдухт, к-«Эй паҳлавон,
Аз ин дар магардон ба хира забон,

Кимиё – дар ин ҷо ба маънии ҳила, найранг.

пешина
аз 345
навбатӣ