Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин гуфт бо бихрадон шаҳриёр,
Ки «Бар мо шавад з-ин дижам рӯзгор,
Чу Эрон зи чанголи шеру паланг
Бурун оваридам ба ройу ба ҷанг,
Фаридун зи Заҳҳок гетӣ бишуст,
Ки Меҳроби Кобул зи тухмаш бируст.
Набояд, ки бар хира аз ишқи Зол
Ниҳоли сарафканда гардад ҳамол.
Гар аз духти Меҳробу аз пури Сом
Барояд яке теғи кин аз ниём,
Ба як сӯ на аз гавҳари мо бувад,
Чу тарёк бо заҳр ҳамто бувад
Ва гар тоб гирад суи модараш,
Зи гуфти бад оганда гардад сараш,
Кунад шаҳри Эрон пурошӯбу ранҷ,
Бад-ӯ бозгардад магар тоҷу ганҷ!
Кунун ин суханро чи посух диҳед,
Бикӯшед, то ройи фаррух ниҳед!»
Ҳама мӯбадон офарин хонданд,
Варо хусрави покдин хонданд,
Бигуфтанд, к-«Аз мо ту донотарӣ,
Ба боистаниҳо тавонотарӣ,
Ҳамон кун, куҷо аз хирад дархурад,
Дили аждаҳоро хирад бишкарад!»
Бифармуд, то Нӯзар омад ба пеш
Або вижагону бузургони хеш,
Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши Соми савор,
Бипурсаш, ки чун растӣ аз корзор?
Чу дидӣ, бигӯяш, к-аз ин сӯ гирой,
Ба наздики мо кун ту аз хона ҷой!»
Расиданд пас пеши Соми савор
Бузургон або Нӯзари номдор,
Ба пурсиш гирифтанд бо якдигар Радону бузургони пархошгар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё