Ишқи сархӯр

Меҳринисо ҳанӯз фурсати ба зан гап андохтан наёфта буд, ки:
– Эй мардум, эҳей мардум, шумоҳо кистед, ки ба хонаи беодам даромадед, чикорагар ҳастед? – Зан бо дӯғу пӯписаю валвала аз онҳо пурсон шуд.
– Корафтод ҳастем, хола, пот, ки сӯхт, ба лаби об медавӣ, – пурсиши ноҷои зан ба Макнуна нафорид.
– Пом сӯхт гуфта, ҳамаатон ба хонаи ҳамин як бева медавед. Дунё пури ҳамин хел беваҳои илму амалгар, – даҳони зан гарм шуда, пештари ҳозирон омад, – мехоҳед таърихи ҳамин беваро ба шумо гӯям, ки баъд кӣ будани ӯро фаҳмед. Ана, акнун гӯш кунед, ки ман чӣ мегӯям. Номи ман Гулрез, дар чор дарвозаи Бухоро маълум ҳастам, – овозаш пасттар шуда, давом намуд: – Ҳамин зан, ҳамин беваи ҷодугар духтандари худам. Модараш, Худо дар гӯр чухт монад, кундош-палонҷам буд, як умр аз дасти инҳо рӯз надорам-е, бовар кунед рӯз надорам.
– Хола, – Макнуна ба шунидани давоми суханони ӯ майл накарда, ҷилави гапро аз ихтиёри ӯ гирифт ва бо ситеза боз «хола», гуфта афзуд: – Гуфтем, ки пои кас сӯзад ба лаби об медавад, пои мо сӯхтааст, духтармона мекобем, шунидем вай дар Сафедоб, дар хонаи кампири Санам, номи бачааш Исфандиёр.
– Эҳа, о ҳамин гапҳоро барвақттар гӯед, намешавад? Ман хаёл кардам, ки шумоҳо пеши ин бева барои фолбинӣ, хунукию гармӣ кардан омадед. Духтарамонро мекобем гӯед, – рангу намуди зан, ки худро Гулрез гуфта буд, тағйир ёфт.
– Ҳа, холаҷон, духтарма мекобем, духтар, духтари ман, ман модараш. Шумо вайро дидед? Медонед? – Меҳринисо ба зан наздиктар шуд.
– Медонам, хоҳар, аз ҳама чӣ бохабарам. Чӣ гӯям ба шумо?
– Гӯед, холаҷон, тезтар гӯед.
– Мегӯям, ҳамаи гапро мегӯям.
– Гӯед, холаҷон, тезтар, – гапро кашол дода истодани
1 Хам зада Гулрез ба Меҳринисо нафорид, ки бедардона сухан мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё