Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин ҳар қадаре ба даруни ҳавлӣ назар андохт, касе ба чашмаш нахӯрд. Мошинро ба дарун ҳай кард, фаромаданд. Меҳринисо пояшро аз мошин ба берун ниҳодан замон «Лутфия, Лутфияҷон, ту дар куҷоӣ, Лутфияҷон?» – овоз баланд кард, сӯи хоначаҳои қатор шитофт, дар паси дари
1 ду хона лафка-лафка24F қулф овезон. Онҳо ба назар хонаҳои шишт барин. Хоначаҳои дигар ошхона, анҷомхона, коҳдону ҳезумхона, оғил ва таги як бурё барин нигас ҷои резуров.
Меҳринисо дари хоначаҳои қулфдорро муштборон кард, «Худо занад шумо хонадорҳоро» – дуои бад карда, назди ҳамроҳон баргашт, ки онҳо, ба чашми модар, мисли таёқҳо дар миёни ҳавлӣ ҳайрону саргардон рост меистоданд.
Ин ҳавлии хурдакак ҳамон порчаи заминест, ки бобои Асадулло пас аз иҷоб шудани Маҳраму Санам ба онҳо бахшида буд ва баъд ин ду дилдода аз шодӣ дар куртаҳояшон нағунҷида, чун фароштурукҳо лой болои лой монда, баҳри худ лонаҳо сохта буданд. Ин кулбачаҳо, дару деворҳои ҳавлии нообод баҳри ошиқони он замон як олами зебоӣ ва хушбахтӣ буданд.
Аммо Меҳринисо бовар надошт, ки онҳо ба хонаи кампири Санаму фарзанди вай Исфандиёр ё Сархӯр омадаанд. Дар хаёлаш, ки саҳв карда, ба ҳавлии кадом як каси дигар даромадаанд. Ба ҳамааш тағояш бобои Ӯзбакхоҷа гунаҳкор, ки хешию табориро як сӯ монда намоз гуфта, онҳоро дар роҳ партофт. Худо занад ҳамин хел тағоя.
– Меравем, – Меҳринисо дар ғазаб шуда буд, – меравем, ин хонаи кампири Санам-панам нест, тағо гуфт-ку духтарам рӯи ҷо, аҳволаш вазнин. Агар ҳамин хона хонаи вай бошад, Лутфия канӣ? Вайро ба ҳеҷ куҷо бурда наметавонанд, ба Худо, ин хонаи ягон каси дигар. Мепурсем, пурсида-пурсида худамон хонаи Санамро меёбем. – Меҳринисо роҳакӣ шуданӣ буд, ки дар таги дарвоза зане пайдо шуд. Дар чашмонаш айнак,

1 Порча-порча миёнаш кузала25F, қомат рост карда натавониста такя ба асо меистод, боз ду-се писарбачаи 14-15 сола ҳамроҳаш.

пешина
аз 234
навбатӣ