Ишқи сархӯр

Омода шудааст, худашро оро додааст. Барои як бор, барои бори охир. Абрувонаш ӯсмаолуд, мижгонҳо сиёҳӣ гирифта, рухсораҳо ҳамон тару тоза, гул барин, дандонҳо аз сафедӣ медурахшанд, куртааш матои тагҷигарӣ, ҷо-ҷо гул дорад, камёфт, гоҳе бо шиносоӣ меёбӣ, пойпӯшҳо зарҳалӣ, тилловориҳо беҳисоб, падару модар «фидои духтари эркаю ягона», гуфта харидорӣ кардаанду харидаанд, гӯшҳо аз ҳалқаҳои тиллои ба Малаҳи заргар фармудаашон бор оварда, вазни зиёди гарданбанд ҳис мешавад, як нигинаи он нархи чанд хонаю ҳавлӣ, дастпонаю ангуштариҳо тиллои холис, пурқимат: Чаро ҳамаи онҳоро ӯ ба бар карда?
Баҳри чӣ? Дилаш ба модар месӯзад, баъди сари Лутфия ҳар яки онҳо аз духтари ҷавонмарг барояш нишона не, мору каждум, як ғамашро сад ғам месозанд. Саҳвашро мефаҳмад модар, дар масъалаи Фахрӣ ҳам. Мебинад, ки ӯ духтари вайро фиреб намедода, мебинад, ки Фахрӣ ҳам дар паҳлуи духтари вай, ду майит.
Аммо ку Фахрӣ? «Рӯз равшан нашуда, аз шаҳр мебароем»
гуфта буданд. Чаро ӯ намеояд? Лутфия ноосуда, мунтазир монд. Хайрият, намоён шуд ошиқаш, наздаш омад. Қадаш аз қади Лутфия як сару гардан баланд, навча, ба дили Лутфия, як дунёю хандаҳояш, аз ханда тарҳи рӯи сафедчатобаш, ки ҳарчанд чутурнамост, мешукуфад. Мисли Лутфия Фахрӣ худро оро надодааст, дар тан ҳамон шиму костюми зардчатобаш, ки бо мӯйсари сип-сиёҳи болои абрувон хамидааш мезебад. Гиребонҳои куртаи сафедаш мисле, ки ягон вақт гард намегирад, тозаю озода. Дар либоспӯшӣ ӯро таъриф мекунанд. Ҷавони аз сару рӯ, либосҳояш бохабар. Ҳаво андаке сард, вале сараш урён, тӯппӣ напӯшидааст.
– Омадӣ, Лутфия?
– Барвақттар омадам, тезтар аз маҳалла бароем.
– Шитоб накунем-чӣ?
– Хайр гуфтӣ?
– Мебинӣ, ҳо ана дарвозаашон, – дарвозаи сабзи наққошишудаи рӯ ба рӯро нишон дода, сӯяш қадам монд.
– Нарав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё