Ишқи сархӯр

– Хайр мегӯям, – дарвозаро бо лагад сахт зад.
– Барои чӣ бо лагад задӣ?
– Боз мезанам, – чи ишорае байнашон буд, ки боз лагад зад: – Намеарзад, – саросема ба роҳ даромад. – Тез роҳ гард! – фармон дод ба Лутфия.
Ба беруни шаҳр расиданд, ин тарафи роҳашон рӯ ба адиру теппаҳо, аз канори киштзорон. Киштаҳои мардум неш зада, заминро пӯшонда, дар талу теппаҳо ҳам сабза дамида, баҳор меояд, баҳори ҳусноро, дилоро. Офтоб баромада, рӯи роҳу сабзазорон нур мерехт. Замину замон зебо. Села-села гунҷишкакон сари шохаҳои дарахтон, ки болои теппа, миёни заминҳо рӯида буданд, фир-фир паропар доштанд. Дарахтон ҷомаи сабз ба бар мегиранд, гулафшон мешаванд, ҳусни баҳор. Парандагон рӯи киштзорон дар парвоз, бол мехобонданд, болои майсаҳои навдамида мехамиданд, ба онҳо нӯл мезаданд, як зебоӣ, як манзараи дилпазир.
– Роҳамон дур аст?
– Ҷари Говкушро мегӯӣ? – Хаёли Фахрӣ ба ҷар буд, ки номи онро ба забон овард.
– Дидагӣ ҳастӣ?
– Ҳа, ман ин ҷойҳоро медонам, медонӣ-ку хонаи тағоям Ӯзбакхоҷа дар Сафедоб, ҷари Говкуш ҳам дар поёноби ҳамин деҳа.
– Номаш дар гӯр, аз худат шунида будам. Он вақт дар хаёлат набудам, аз пасам медавидӣ, «агар маро нагирӣ, худамро мекушам, худамро аз ҷари Говкуш мепартоям», мегуфтӣ, нияти бад карда будӣ, дар гӯшам ҳамин гапро хондӣ, талқин кардӣ, ман акнун худамро аз ин ҷар мепартоям, ту не, ман!
– Ман ҳам…– Фахрӣ давоми ҳарфҳои ба дилаш намеғунҷидаро ба забон наовард, ӯ ҳам «худамро аз ҷар мепартоям», нагуфт.
– Чаро номи сабили ин ҷар Говкуш?
– Ҷари бетаг аст, гов афтад, зинда намемонад. Бисёр одамон аз говашон мондаанд, барои ҳамин ҳам онро ҷари Говкуш гуфтаанд, одамон ҳам худашонро аз ин ҷар партофтаанд.
Ин ҷарро Мазори арӯсон ҳам мегӯянд, ҷои марги чанд арӯси бедил ҳам шуда будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё