Ишқи сархӯр

Андаке роҳ монда, ки селоб то деҳаи Моинкаҷ расад. Аз ин ҷо то дарёи Кофарниҳон роҳи сангобро сементпӯш кардаанд, агар аз чойник об бирезӣ, ба ҷониби Кофарниҳон мешорад, он чунон сарнишеб, ки агар тухмро гузорӣ, ғелон мешавад. Дар ин ҷо барои дарахти чинор ку мӯй барин монеа?
Сархӯр боз дар панҷаи аҷал, боз садои ғулғулаи селоб.
Аҷабо, кайҳост, ки ба гӯшаш садое меояд: «Сархӯр! Исфандиёр!! Сархӯр!!» Шояд модараш аст, ки фаҳмида қад-қади сангоб «бачам» гуфта медавад. Овози кӣ? Шинохта наметавонист. Дар лаҳзаҳое, ки чинор ба пули миёни деҳаҳои Нилкону Роҳатӣ наздик мерасид, ҳамон садо баландтар ба гӯшаш меомад: «Сархӯр! Исфандиёр!» Пули болои сангобро медонад, борҳо аз болояш гузаштааст. Он ҳам аз кадом як инсони савобҷӯ монда. Аниқтараш, онро пули эшони Аъзамхон гӯянд. Як нафар аз аҳли савод будааст. Дар Бухоро хондааст, аммо аз муллогӣ нон нахӯрдааст, усто будааст, устои чӯбкор дар колхоз. Ҳамин пули болои сангобро ҳам ӯ сохтааст. Дар ин байн одамон онро чанд бор таъмиру навсозӣ кардаанд, вале боз ба номи эшони Аъзамхон. Ҳамин ҳоло селоб чинорро аз таги пул мегузаронад, баъд чӣ хеле фикр дорад, тамом вассалом, ба деҳаи Моинкаҷ мерасад. Кош ин хел нашавад, ӯ дар чунин хаёлу дар ғами ҷон, ки садои гурсос ба пояҳои пул бархӯрдани дарахти чинор баланд гашт. Ба хаёлаш замину замон ларзид, мағзи сараш беҷо гашт, тамоми аъзои баданаш лат хӯрд. Аммо чи хуше, ки дарахти чинор дар таги пул дармонд. Пули эшони Аъзамхон мисли дарахти чинор ҷондастгираш шуд. Раҳмат ба эшони Аъзамхон ва он фарде, ки дар кадом асре чинорро шинондааст. Аз одами нек некӣ мемонад. Сар боло кард, борон намеборид, абрҳои сиёҳ парешон, ҷо-ҷои осмон соф шуда, вале сари қуллаҳои кӯҳҳои Мағмуруду Қандӣ пурабр, аз афташ, он ҷо борон меборид, ки селоб кам шуда бошад ҳам, шасташ ба тамом паст нагашта, садои ваҳмангез баланд, ҳанӯз санг меовард. Сангҳо қасарқусур ба ҳам бармехӯранд. Сархӯр бо тани ларзону дили пурҳарос як даст дар навдаи чинору дасти дигарашро ба тарафи сутуни пул бурд, ҷонҳавл онро дошт, бо азобе худро сӯи сутун кашид, нимхез шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё