Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саросема гову молҳоро ҷобаҷо карда, баъзан хӯроки бегоҳиашонро ҳам начашида сӯи кулбаҳакашон медаванд. Боз часпочасп, лаҳзаҳои ширину гуворо, мастию кайфият. Аҷаб хушиҳою ширинкомиҳое. Хуб шуд, ки амаки Асадулло ҳазрати Алҳамдро хонда, онҳоро никоҳ кард. Аз ӯ розианд, онҳо хушбахт. Боз аз он розӣ, ки амаки Асадулло баъди никоҳ барояшон аз поёни боғаш як пора замин ҷудо намуд, гуфт хона созанд. Санаму Маҳрам мисли фароштурукҳо лой болои лой монда хона сохтанд. Як кулбаҳаки одамдаро, сарпаноҳ. Ҳазор шукр. Раҳмат ба амаки Асадулло, солҳои сол аст ӯ аз олам гузашта. Вале ба Санаму Маҳрам некиаш монда. Онҳоро соҳиби кулбаҳаки худашон намуд. Холааш ҳам аз паи шавҳар қазо кард. Зану шавҳари якаҳдаю бовафо. Баъди сари амаки Асадулло гову молҳояш ҳам паи ӯ шуданд, гуфтаанд, ки моли мурда паи мурда, пода барҳам хӯрд. Санаму Маҳрам дигар подабон нестанд. Асоҳои подабониашон дар куҷо, намедонанд. Кош онҳо гум намешуданд. Як ёдгорӣ, ёдгорӣ аз давраҳои ҷавонию наврасӣ.
Зиндагиашон ширин, бо ишқу ҳавас гузашт. Ҳоло ҳам онҳо бо ҳам ошиқ. Аз моли дунё танҳо хотираҳои ширини зиндагии боҳамиро доранд, вале ба ақидаи худашон душман ҳам доранд. Душманашон боз ҳамон модарандари Санам Гулрез. Баъди ҳамон воқеаи падарро дар ҳолати беҳушиву беёдӣ аз ғор бароварда, ба хонааш бурдан, модарандар дигар онҳоро рӯз намедод, ба ҳарду часпидагиаш часпидагӣ, Санаму Маҳрамро зану шавҳари беникоҳ эълон кард, бо як сураи Алҳамдро хондани амаки Асадулло никоҳ қабул намешудааст, онҳо якумр ҷунуб, нопок, наҳс, алҳазар аз наҳсӣ. Куҷое равад, ҳамин гапҳоро мегӯяд, пои онҳоро мехояд.


Аз вақте ки Санам баъди подабонӣ байни маърака шуду
дар миёни яку ду эҳтиром пайдо кард, душманоии модарандар аз нав хуруҷ ёфт. Сабабаш боз ҳамон кина, кундошдорӣ, палонҷӣ бо модари ӯ.

пешина
аз 234
навбатӣ