Ишқи сархӯр

Вале боз ҳамон Сархӯри ҷонсахт, сагҷон, ки бо машқу тамрин худро дар ҳамин азобҳо тарбият мекард. Кадом як лаҳзаи аз ҷон безор шуда, худро ба обу оташ андохтанҳояшро ба ёд орад. Аз қуллаи кӯҳ ғелон ҳам гашт барои гови бо гӯсолаи бобои Мирзораҳим. Хурд буд, гӯсоларо мегирам гуфту Гулзираро не. Гулзира калон, духтари зебои деҳа шуд. Ҳуши модари Сархӯр ба ӯ кашол, ки келин кунад. Гулзира хандида гуфтааст: «Хола, бачаи шумо Гулзираро не, гӯсоларо мегирам, гуфта буд».
Нигораро аз даруни алов баровард. Аммо ӯ зангир набуд.
Ҳоло ӯ дар оғӯши сел, Сархӯрро сел мебарад, то марг як лаҳза, аммо бояд зинда монад, бори ғами модар нашавад, ба Лутфия ҳам «Меоям, бармегардам», гуфта ваъда додааст.
Пагоҳии баҳор буд, офтоб мебаромад. Амаки Асадулло аспи ҷавмасти гулибодомашро дар таги ахтахона баста ба аҳли хонавода-зану духтаронаш ва Санаму Маҳрам фармуд, ки дар рӯи суфа ҷамъ оянд, гап доштааст. Саҳари мардон қатӣ чӣ гап бошад?
Асадулло чун ҳамарӯза ба бари болои суфа, рӯи ҳамон чор қабат кӯрпача, ки болишт ҳам гузошта буданд, гузашт, даст дар пешона хело хомӯш монду баъд ба сухан омад:
– Занак, хез дар як коса об биёр, – фармуд ба холаи Санам:
– Бас будагист гапу калочаи мардум, худам ҳам фикр кардам, рост мегӯянд, корҳои бешариатӣ шуда истодааст, Санаму Маҳрам майда нестанд, ки дар як хона бо ҳам хоб раванду
1 хезанд, ҷуруқ20F хоб намераванд, наҳсӣ, касофатӣ. Ин хел гаштанҳояшон бас! Никоҳ мекунам, – амаки Асадулло косаи обро наздаш гузошту сураи Алҳамдро хонд.
Санаму Маҳрам, албатта, ин хел никоҳу ин гуна зану шавҳар шуданашонро ба хаёл намеоварданд. Орзу доштанд,
- Ором ки мисли ҳамсолон тӯй шаванд, дар тӯяшон мардум ҷамъ оянд, дар дегҳо ош монанд, дастархон густаранд, баъд сару либоси арӯсиву домодӣ бипӯшанд, таги чодар дароянд, садои суруди «Келинбиёрон»-у «Шаҳ муборак бод!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё