Ишқи сархӯр

Баъд соатҳо дар паси дарвоза онҳо тую ман карданд.
– Давлатмурод, худат бигӯ, ки дар куҷо зиндагӣ мекунӣ? – суоли беҷо дод бобои Абдураҳим.
– Дар куҷо мешуд, дар хонаам зиндагӣ мекунам. – Ҷавоби Давлатмурод ҳам таҳдор буд.
– Не, ту дар хона не, дар деҳа, ҳамроҳи қаъму ҷамъ мезиҳӣ.
– Ва баъд ба ҳарфҳои нешдор давом дод, ки Давлатмурод агар надонад, фаҳмад, ки деҳа таомул, қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Дар деҳа зистан бо мардум набудан, ҳамроҳашон наҷунбидан номумкин. Ҳашар мекунанд барои ба деҳа об овардан, ҳашар барои ободӣ, роҳсозӣ, ниҳолшинонӣ, барои ҳазор корҳои дигар.
– Оби деҳаро мехӯрӣ?
– Ҳа, – бо итоб ҷавоб гуфт Давлатмурод.
– Ба ҳашар мебароӣ. Аз роҳ мегузарӣ? Ҳамроҳи мардум роҳ месозӣ.
– Агар ба ҳашари роҳу оббандӣ набароям чӣ?
– Биллоҳи азим намемонам аз ҷӯй об гирӣ, намемонам аз роҳ гузарӣ. Мардум барои ту ғулом нестанд.
Бобои Абдураҳим ҳис намуд, ки аз андаке сахт омадани ӯ табъи Давлатмурод хира гашт, фукаш тоб хӯрд. Худаш ҳам дар хиҷолат монд. Гапи ҳаққа мегӯям гуфта, баъзан тезӣ мекунад, ба рӯи одамон медавад, меранҷанд, малол мешаванд.
Хеле фикр карду ба мулоиматӣ гузашт:
– Давлатмурод, наранҷ, мою ту бо халқ зиндаем, мардума ҳурмат кардан лозим, аз одамон ҷудо нашав. Пагоҳ мурдаи мою туя кӣ соҳиб мешавад?
– Ман ҳоли намемурам, натарсон.
– Мемурем, бачам, аз мурдан ҷои гурез нест, наход ҳаминро нафаҳмӣ, ки як каси тоқа вақти маргу мурда аз дасташ ҳеҷ кор намеояд. Худо нишон надиҳад, агар халқ мурдаро соҳиб нашавад, мурда зору ҳайрон мемонад, – мӯйсафед мисол овард, ки баъди марги падари худи Давлатмурод ба сари аҳли оилаи онҳо чи рӯзе омада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё