Ишқи сархӯр

– Ҷои муносиб буд.
– Доранда буданд, мегӯед? Худамон ҳам аз онҳо камоӣ надорем, хонаю дар, ҳавлию ҳарам, гову мол, боғу роғ, мошину магазин. Чашм нарасад, ҳама чӣ дорем, хуб шуд, ки хеш нашудем, зоти хуб нестанд, талххонаанд, бо саг соз намегиранд, бо сояи худ ҷанг мекардагӣ одамонанд, одамгарӣ надоранд. Ҳамон рӯз, рӯз буд барои мо, ки гап аз даҳонам набаромада, фуки бачаашон тоб хӯрд, алови хона намурда, чапасар аз дарвоза баромад, пеши обро аз хонаашон баст, «дигар хонаи мо қатӣ об намебандед, намемонам», овозаш гирифта, дар сари ҷӯйбор савор шуд. Аловкушҳо беоб монданд, алов аланга мезад, даступохӯрда шуданд. «Обро қоқ накун, Фурқат! Обро сар те!» доду фарёд бардоштанд, белу каландҳо дар даст тарафи хонаашон давиданд. Ин бедодию берӯгӣ барои чӣ буд? Барои як даҳон гап? Баъд боз гову молҳоятон аз поёни боғи мо мегузарад, гуфта қиёмат андохтанд, симтӯр кашиданд, худи ҳамин Фурқат убола надониста пои чанд мурғамонро шикаст, «дигар мурғҳоятон ба хонаи мо нагузаранд» гуфт, пеши роҳи гову молҳоямон чуқурӣ канд, хаспӯш кард, то фаҳмидем, ки пои чанд гову гӯсола шикаст. Аръарҳои боғамонро якта намонда, дар як шаб кӣ бурид? Ғайри ҳамин худозадаи Фурқат каси дигар ин кора намекард, аз уболи дарахтҳои сабза буридан метарсид.
Душманоӣ, сиёҳдилӣ ҳамин қадар мешудагист. Ҳамаи ин барои чӣ? – модари Нигора боз аз шавҳараш пурсид.
– Намефаҳмӣ, ки ҳамаи ин аз барои чӣ? – пурсид аз завҷааш падари Нигора ва худаш ҷавоб гуфт: – Барои духтарат, духтари моҳпайкарат Нигора. Дил канда наметавонад, Фурқат Нигораро дӯст медорад.
– Дӯст медорад мегӯед? Дурӯғ, рӯяшро сиёҳ кардааст, агар вай Нигораро дӯст медошт, ба алов медаромад, пушт-пушти одамон гурехта намегашт.
– Аз ҷонаш тарсид бача, охир, тарафи алов рафта намешуд.
– Худатон ҳам аз ҷонатон тарсидед, духтарам нагуфтед.
– Киноя назан.
– Фаҳмидам, ҷон фақат барои Сархӯр азиз набудааст, ҷони вай аз сари роҳ омадагӣ будааст.
– Сархӯра монда гап зан, вай аз баҳри ҷонаш гузаштагӣ бача.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё