Ишқи сархӯр

гӯён оламро бо фарёду фазаъ меҷунбонданд. Духтарам дар даруни алов, дар аз болояш қуфл, «кӣ дара қуфл кард?»
– Ба номи Худо нафаҳмидам, ки вай даруни хона аст, хаёл кардам, ки мактаб рафтааст.
– Духтарамон дар алов месӯхту ҳеҷ кадом коре карда наметавонистем, аловкушҳо ҳам умедашонро канданд.
Гуфтанд, ки Нигора ҳайф шуд, гуфтанд, ки Худо раҳматаш кунад. Ҳа, ҳамин гапҳоро ба ду гӯшам шунидам, дуои духтарамонро хондем, «аз Нигора мондем», гуфта рӯю мӯй кандам.
Баъд дар ҳамин дам Сархӯрро Худо аз куҷое расонд. Дар хотир доред, ки чӣ кор кард? Мисли шумо, падараш ғами ҷони худашро нахӯрд, сӯхта мемурам нагуфт. «Наход Нигораи ҳамсинфам дар даруни алов мондааст?» Об пурсид, сатилсатил обро ба сараш рехт, ҷомаашро ҳам тар кард, онро ба сар кашида ақиб гашт. «Эй бача, ту чӣ кор карда истодаӣ?
месӯзӣ, мемурӣ», пеши роҳашро гирифтанӣ шуданд. Аммо вай ба ҳеҷ кас гӯш надода ба хона, ба даруни алов зада даромад. Тасаввур кардан мумкин набуд, ки дар они воҳид вай чӣ тавр қулфи дарро шикасту чӣ тавр аз миёни дуду алови даргирон Нигораро ёфт. Баъди лаҳзае дидем, ки Нигора дар бағал, сар то пои худаш алов, мисли як аловдаста тарафи кӯли об равон шуд. Нигораро ба об андохт, одамон ба имдодаш давида, алови даргирони ҷомаю либосҳояшро мекуштанд.
Дидем, ки қариб ягон ҷои Нигора насӯхта, аммо худи Сархӯр чанд рӯз дар беморхона хобид.
Модар лаҳзаҳои сӯхтор, ҳолати духтарашон Нигораро боз як бори дигар ба хотири шавҳараш оварда афзуд:
– Ана, баъд ман дар он лаҳзаҳо ба ивази ҷонфидоии Сархӯр, ки Нигораи ману шуморо аз дами марг ба мо баргардонд, чӣ ҳам мегуфтам? Гуфтам, ки духтарамро поку пиҳил ба Сархӯр бахшидам, ҳа, ҳамин гапа гуфтам, мункир намешавам.
– Баъд чӣ шуд? Надидӣ? Нафаҳмидӣ?
– Қудогиамонро мегӯед?
– Қариб ҳамин кор мешуд, дилкашолӣ доштанд.
– Зиқ шудед? Ғам мехӯред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё