Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бобои Назар буд. Дар паси дарвозаашон ҳам одамони бисёр, ҳамонҳое, ки аз паси бобои Назар аз кӯҳ омадаанд. Ҳама хоҳиш доштанд, ки бобои Назар гӯсоларо ба Сархӯр бидиҳад.


Нигора интизори роҳи модар, ки бо супориши падар барои фаҳмидани ҳарфи «ҳа» ё «не»-и Сархӯр ба хонаи онҳо рафтааст, рӯ-рӯи ҳавлӣ қадам мезад. Лаби ҷӯй рафта, ба мелоки дар навдаи себ овезон даст заду назар ба шири табақ дӯхт, шир рӯ гирифта қаймоқ баста. Модараш баргардад, қаймоқ мехӯранд.
Рӯи суфаро бори дигар ҷорӯб зада, гирди хонтахта курпача партофт. Дар рӯи дастархони қӯроқии тагаш сабз, ки захми сӯзани худаш аст, нони гарм, фатир, ҳамин пагоҳ пухтаанд.
Модар барвақттар баргардад, падарро аз боғ ҷеғ мезанад, сари дастархон менишинанд. Вале ӯ ҳеҷ чиз хӯрдан намехоҳад, бо беқарорӣ интизор аст, ки модар чӣ хабар меорад. Хабари «ҳа»
ё «не». Падар бисёр мехоҳад, хабари «не» шунавад. Аз аввал ҳам ба гапе, ки аз даҳони модари Нигора баромад, розӣ набуд, сарзанишаш кард. Лек чӣ кунад, ки гап баромад. Бегоҳ дар ҳамин масъала дар хонаашон ҷанҷол хест.
– Занак, ба ту мегӯям, ҳоли мебинӣ оқибати ҳамон гапе, ки он рӯз хезондӣ, чӣ мешавад.
– Чӣ кор кардам, мардак, бе кинояю турғуза гап занед, – модари Нигора оташин шуд.
– Шарт буд, ки чашмонат сиёҳу торик ҳамон гапа гӯӣ?
– Чӣ гапа?
– Оҳ, оҳе, боз чӣ гап мегӯяд-е. Ба номи Нигора сиёҳӣ овардӣ, бахташро сӯзондӣ, миёни роҳ кардӣ. Сархӯр одаме буд, ки ҳамин гапа гӯӣ?
– Ба хотирам набиёре, мардак, вай рӯза кӣ ба сарам овард?
Кӣ? – Худатон. Худо гирад шумоя ба ҳамин ҳушу гӯшу папироскашитон, агар мардум саркану покан намедавиданд, мурдани худамон, сӯхта хокистар шудани рӯзу рӯзгорамон садқаи сар, аз Нигора мемондем. Аз ёдатон баромад, Нигора гуфта ман дар рӯи ҳавлӣ аз ҳуш рафтам, худатон гирдогирди алов «духтарам», гӯён чилпилак мерафтед. Мардум ҳама «Нигора, вой Нигора!»

пешина
аз 234
навбатӣ