Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Забонширинӣ дошт бобои Назар.
– Ман чормағз намегирам, мавизи дабаатон ҳам азони худатон, – гуфт Сархӯр.
– Чӣ мегирӣ, бачам, дуои нек мегирӣ? Умрат дароз мешавад.
– Умри ман дароз нашавад, монед ман мурам, барвақттар мурам, – чеҳраи Сархӯр ғазаболуд шуд.
– Ин хел нагӯй, бачам, одам бо дуо сабз мешавад.
– Дуо накунед!
– Хайр, бачам, худат бигӯ, чӣ диҳам? Чормағз нагирӣ, мавиз нагирӣ?!
Табъи бобои Назар хира шуд, баъд чӣ фикре ба сараш зад, ки бо ханда ба ҷамъи ҳозирин назар андохт:
– Қавмо, очаи Гулзира, – ба завҷааш ҳам муроҷиат кард: – як гап мегӯям, ҳамаатон шунавед, хизмате, ки Сархӯр кард, ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорам, вайро ба фарзандӣ мегирам.
– Чӣ? Чӣ, чӣ гуфтӣ, худозада? – завҷааш оташ гирифт, ба шӯр омад: – Сархӯра ба фарзандӣ мегирам, гуфтӣ?
– Хайр, чӣ бадӣ дорад?
– Ба дилат қошуқ метарошӣ, як бор даҳон мазза карда будӣ-ку, «Очаи Сархӯра мегирам» гуфта будӣ-а? Аз хотират
1 баромад? Ришота канда партофта будам, хунохасмӣ7F андохтам. Не, ҳал накардӣ, фалакзада. Поям ба лаби гӯр расида бошад ҳам, зиндаам, хоната алов сар метеям, рӯзта сиёҳ мекунам.
– Э, занак, занаки аҳмақ, дар ин рӯзи хурсандӣ, ҷанг нахезон, наход ман зан гирам? Ҳолма намедонӣ? Э, мур-е!
Рашк карда мемурӣ. Аз худат безорам, боз як беваи дигара чӣ мекунам. Ман як фикри дигар дорам.
– Чӣ фикр дорӣ?
– Ҳозир мегӯям, ту ҳам мефаҳмию ҳама ҳам мефаҳманд.
Гулзира ин ҷо биё, дастатро деҳ, – духтарчаашро наздаш хонд. Аз дасти ӯ дошта, – мебинед-а, одамо? Ман қасам мехӯрам, дар назди ҳамаатон қасам мехӯрам, агар аз гапам гардам, ҳамин кампирам ба ман номаҳрам, сар медиҳам.

1 Ба маънии якдигаркушӣ кардан – Рӯта сиёҳ мекунам, ки мана сар метем, мегӯӣ, – завҷааш ғур-ғур кард.

пешина
аз 234
навбатӣ