Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту даматро гир, кампир, гӯш кун, ман чӣ мегӯям, – завҷаашро ором намуда, бобои Назар афзуд: – Сархӯр, ту ҳам ин ҷо биё, – лекин Сархӯр пеш наомад. – Хайр, ту набиё. – боз рӯ ба ҳозирин овард, – мебинед-а, – ба Гулзираю Сархӯр ишора кард, – инҳо ҳоло хурдакак, аммо ман зомин, ки инҳо калон мешаванд, мавриди шаҳию арӯсиашон мерасад. Он вақт Сархӯрро ба фарзандӣ мегирам, Гулзираро ба вай медиҳам, тани ҳамин хизматаш. Чӣ гуфтед, мардум? Омин мегӯем, – даст ба дуо бардошт, «Омин!», овозҳо баланд шуд.
– Омин! – боз худи бобо афзуд: – Гулзираро ба Сархӯр медиҳам, зану шӯ мешаванд.
– Ман Гулзираро намегирам, ман гӯсоларо мегирам, – Сархӯр гардани гӯсоларо оғӯш кард.
– Ту Гулзираро намегирам мегӯӣ? Ба ту сағераи дарбадар, дар таги девор мондагӣ, бесоҳиб, ман духтар диҳам гӯям «намегирам» мегӯӣ? Вой, вой, вое, агар рости гапро гӯям, медонӣ падарат чӣ одаме буд? Як умр подабон, хизматгор, ғулом буд, аз сагу мурғ қарздор, қарзу қавола катӣ аз олам гузашт. Модарат ҳам почаканда, нонталаб. Зот ба зотатон камбағал, ба ту зан намедиҳанд, ноз накун, Гулзира гӯй, гӯсола нагӯй.
– Ман гӯсола мегӯям, гӯсолая мегирам, – Сархӯр гӯсоларо аз миёни даври одамон ба берун кашид. Барои ин ҷонвар кам ҷон наканда. Шаб буду сари кӯҳи баланд, ҳаво сард, хунук, кӯҳбароӣ осон не, дасташу танаи сангҳо, пойҳояш меларзиданд, сангҳоро панҷолхарош карда, худро боло мекашид. Ангуштонаш дар таги санг мемонданд, аз онҳо хун мешорид, аз дард месӯхт, наафтам гуфта баъзан сангҳоро дандонгаз карда, ҷунбида-ҷунбидаву хазида ба гову гӯсола наздик мерафт.
Баоси гӯсола, ҳуммоси гов ба гӯшаш расид. Боз як қадам болотар шуд, пеши гову гӯсола афтод, нафаси озод кашид, фукаш дар фуки гӯсола. «Гӯсолаҳаки худам, ту аз они худам» – даст дар гардани гӯсола аз ҷояш хест. Маҳтоб мебаромад, моҳи пурра. Кӯҳ равшанӣ меёфт, ҳама ҷо шир барин сафед.
Шаби маҳтобию кӯҳ ва як суроби одамӣ. Сархӯри яккаю танҳо дар шаби моҳтоб.

пешина
аз 234
навбатӣ