Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, оча, ба Худо худаш, Сархӯр, – Гулзираи духтари хурдӣ чапак зад.
– Гова ёфта овардааст?
– Дина ба дадам гуфта буд, ки говтона гирифта мебиёрам, дадам вайро заданд, ҳақорат карданд.
– Худо занад ин дадаи туя, феълаш бад, гизала, бадқаҳр.
– Бечора Сархӯр, ҷона аз худ нагуфта кӯҳ баромадааст.
1
– Очам хурсанд шавад гуфта, уболак6F худашро ба ову алов меандоза, – ба гап ҳамроҳ шуданд ҳамсояҳо.
Одамони бисёр гову гӯсола ва Сархӯрро давра гирифтанд.
Вай даст дар гардани гӯсола чашмонашро мебӯсид ва сулфида-сулфида «ту аз худам, гӯсолаҳаки худам», – гӯён меҳрубонӣ мекард.
– Бечора Сархӯр, шамол хӯрдааст, – занҳо байни худ гапгап мекарданд, аз вай мепурсиданд, ки чӣ тавр роҳ ёфта, ба қуллаи кӯҳ баромадааст, кай ин корро кардааст, чӣ гуна гову гӯсоларо фаровардааст, шаб дар кӯҳ натарсидааст? Офарину таҳсин мехонданд. Кампири Низорамоҳ аз хурсандӣ дар куртааш нағунҷида даҳони бедандонаш воз, ҳолаш хандоханд, бо ханда «биё, бачам, ба ту мемирам, бачам, биё», гуфта чанд панҷа мавизро, ки дар остини куртааш будааст, шодиёна гӯён, ба сари Сархӯру гӯсола пошид. Хурсандии бобои Назар ҳам беҳадду ҳисоб, ба гуфтаи худаш дунё ба каф омада, онро барояш Сархӯр оварда, Сархӯре, ки мӯйсафед вайро ба қатори одам намеҳисобид, назараш намегирифт, дирӯз химчашап карда, аз наздаш ронда буд. Дунёро бинед, ки вай ҳоло назди ҳамин бачаҳак сархам, намедонист, бо кадом забон меҳрубониаш намояд, хору хаси ҷомачаашро мечид, сару рӯяшро дастмол мекард, «дар пеши пойҳоят бимирам, барака ёбӣ, калон шавӣ, бедард шавӣ, туя падарат одами хуб буд, модарат ҳам хуб аст». Боз гуфт, ки ба Сархӯр мукофот медиҳад, ба хонаашон, ки расиданд, ана, баъд ба Сархӯр чӣ туҳфа доданашро медонистааст, доманашро пур-пури чормағз мекардааст, ду тоқӣ мавизи даба ҳам медодааст, баъд то умре доштааст, то дами забонаш тар будан дуои ҷони ӯро мекардааст.

1 Ҳарфи меҳромез дар ҳаққи тифлакон – Чӣ гуфтӣ, бачам?

пешина
аз 234
навбатӣ