Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зорию илтиҷо кард, ки дурусттар нигаранд, гов ба чашмаш наменамояд, чашмони бобо сиёҳӣ задаанд, хира шудаанд. Аммо ӯ ғалат накарда буд. Зану фарзандонаш ҳам диданд, ки гов набуд, дилашон ба замин зад, ба ғам афтоданд. Говро гургҳо хӯрдаанд. Ҳама дар таги қулла гирду ғун, мотам гирифтанд, мотами гову гӯсола. Ҷабр, ҷабр ба як оилаи камбизоату камбағал.
Офтоб аз паси теғаҳои кӯҳ намоён шуд. Нурҳояш болои сангҳо ғалтиданд. Ранг доданд ба ҳама ҷо, рангҳои зарди тиллоӣ, гулобӣ, сурхчатоб, кӯҳ ғарқи нур. Ҳамсояҳо меомаданд, барои хабардорӣ, огаҳӣ аз ҳолу аҳволи бобои Назар. Шуниданд, ки ба гов ягон гап шуда, камбағалакон аз говашон мондаанд, ба бобои Назару хонаводаи ӯ ҳамдардӣ изҳор мекарданд, «хуб нашудааст, ҷабр шудааст», мегуфтанд. Сарҳо хам, чеҳраҳо ғамолуд, баъзеҳо ашк ҳам мерехтанд. Офтоб болои сарҳо баландтар мешуд. Дар шохаҳои кадом як дулонаи танаи кӯҳ гунҷишкакон фир-фир парида ғаҷар-ғуҷур доштанд, ки ба гӯши бобо намефорид. Ба хаёли ӯ замину замон андӯҳовар. Ана, дар ҳамин ҳангом баногоҳ садои баоси гов ба гӯш омад. Садоро аз ҳама аввал бобои Назар шунид.
– Истед, истед! – даст боло кард, ки ҳама хомӯш шаванд, – мешунавед? Баос-а? – Ҳама шуниданд, аммо садо аз куҷо?
– Ба номи Худо баоси гови худамон, дурӯғ намегӯям, шинохтам. – Бобои Назар садои молашро шинохт, вале ҳар қадар ба дуру наздик чашм медавонд, гов наметофт. Ниҳоят аз паси сангҳои баланд-баланди хонамонанд намоён шуд ҷонвар. Бобои Назар саҳв накарда буд, ҳамон модагови шохҳояш чунгчунг, гарданаш сап-сафеди худашон, дар баосаш садқа, хонаро ёд кардааст.
– Ба Худо, ки худи худаш, – пирамард дигар ба касе эътибор надода, аз шодӣ қанот бароварда, сӯи гов парвоз кардан мехост, ба сангҳо пешпо хӯрда, гоҳ афтодаю гоҳе хеста, он тараф давид. Гӯсолааш ҳам намудор шуд, бандаш дар дасти Сархӯр, дар дасти дигари Сархӯр як дангали дароз, бо он говро пешандоз карда меомад.
– Вай Сархӯр? – Зани бобои Назар кампири Низорамоҳ ба чашмонаш бовар намекард.

пешина
аз 234
навбатӣ