Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳоло ҳам пиёлаи чойро гирифта пурсид:
– Малика наомадааст?
– Ҳоло барвақт, нав рафта буданд.
– Ҳамроҳи Содирхон рафта буд?
– Ҳа, бо ҳам буданд.
– Нағз, бо Малика гапзанон кардӣ? Нагуфтӣ, ки бегона нестанд, гӯшту нохунанд, Содирхон бачаи холааш.
– Гуфтам, дадаш, ҳазор бор гуфтам.
– Чӣ мегӯяд?
– Дам намезанад.
– Сукут аломати ризо будагист.
– Кӣ медонад? Ман, модараш, вайро фаҳмида наметавонам. Метарсам, имрӯз номаи камолашро мегирад…
– Ту модарӣ, розиаш кун, ба вай имрӯз гап зан, холааш ҳам гап занад, – эшони Саидҷалолхон айнакро аз чашм гирифта, суоломез ба рӯи хоҳарарӯсаш, модари Содирхон, назар андохт.
– Язнаҷон, чӣ гӯям? Малика ба гапи ман гӯш намекунад.
«Хола, ман як шарт дорам», – мегӯяд.
– Чӣ шарт доштааст? Напурсидед?
– Ба ман ҳам ҳамин хел мегӯяд, – тасдиқ намуд сухани хоҳарашро модари Малика. Ҳамин дам як табақаи дарвоза кушода шуду Малика сумкачаи чармини сиёҳ дар китф ба ҳавлӣ даромад, сараш урён, мӯйҳои майдабофташ то хами зонувон афтода.
– Язна, мегӯм, Маликая ҷанг накардетон, нафаҳмондетон.
– Чӣ гап шудааст?
– Сараш урён, убол аст, ба шӯ шудааст.
– Гап мезанам, хоҳар, гӯш намекунад. – Модари Малика ба гап ҳамроҳ шуд.
– Ҳамаи духтарҳо ин хел нестанд, басатру боҳаёанд.
– Ин масъалаҳо ҷои гап не, бибӣ Зарафо.
– Ба номи шумо, язнаҷон, айб. Духтари эшони Саидҷалолхон мегӯянд.
– Медонам, агар шарташро гӯяд, иҷро кунем, розӣ мешавад? – пурсид аз завҷааш эшони Саидҷалолхон.

пешина
аз 234
навбатӣ