Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҷавоб ба сараш зарбаҳо омад, ғалтид, боз ӯро хезонданд. Ба хаёлаш ба ҳар ҳол хуб шуд, бандаҳои мӯъмин, албатта, гуфтаҳои вайро ба гӯш мегиранд, ворисон суроғ карда оянд, шунидаҳояшонро мегӯянд, ки Мустафоро ба кадом тараф бурданд. Охир мардум раҳм доранд, боинсофанд, дилашон месӯзад.
Агар касе гумон мебурд, ки Маликаро ба ин ҷониб овардаанд, албатта, овоза мешуд, ҷасадашро меёфтанд, кушта гаштани Малика ҳам як тафсилоте…


Пешайвони хонаҳояшон рӯ ба сангоб. Сутунҳои пешайвон кандакорӣ, болору вассаҳо чун деворҳо ранг андохта шудаанд, ранги зардчатоб гирифтаанд, зебо ва назаррабо.
Дар баҳорон сангоби поёни ҳавлиашон сероб мешавад, сел меояд. Оби гилолуд, хокистариранг, сиёҳчатоб, дамиш мехӯрад, сел бероҳа мешавад, боғу токзорон, гову молҳои сари роҳро ба ком мекашад, ваҳму даҳшат меандозад. Садояшро намегӯед, дар шаби хоб одамонро нороҳат мекунад, ба по мехезонад. Дар он сӯи сангоб, дар якбарагӣ, боғу токзорони сарсабз, хонаю ҳавлиҳои аҳли деҳаи ҳамсоя. Аз ҳамон сӯ пагоҳиҳо офтоб чеҳра мекушояд, рух менамояд, нурҳои заросои он пеш аз ҳама ба лаби боми хонаҳои эшони Саидҷалолхон меафтад, баъд ба пешайвон ва девору дару тирезаҳои хонаҳо роҳ меёбад… Аҳли хона аксар пагоҳӣ рӯи кати чӯбине, ки дар як гӯшаи пешайвон тана ба панҷараҳои он гузошта шудаанд, менишинанд, чой менӯшанд. Ва он пагоҳӣ ҳам эшони Саидҷалолхон, завҷааш ва хоҳарарӯсаш болои кат дастархон густурда буданд. Эшон аз чи буд, ки вақти чойу нонхӯрӣ ҳам саллаашро аз сар намегирифт. Саллаи калони сафеди ҳамранги ришаш ба чеҳраи банури ӯ мезебид. Дар наздаш рӯи болишти гулдӯзӣ китоби калоне. Эшон гоҳе пиёлаи чойро рӯи дастархон монда, айнак дар чашмҳо китобро мекушод, нигоҳаш ба китоб, чойнӯшӣ аз ёдаш мерафт, ки завҷааш пиёлаи чойро гирифта, – дадаш, чой хунук шуд, – гуфта ба ӯ медод.

пешина
аз 234
навбатӣ