Ишқи сархӯр

Фахрӣ тарки манзилу макон кард, рафт.
Роҳаш номаълум, шояд зинда мемонаду ёди Мӯниса мекунад.
Аммо барои Мӯниса ҳеҷ гуна роҳе намонда. Вай духтар, духтари хона, номуси духтарона дорад, ҳифзаш менамояд. Нангу номусашро бо худ мебарад. Қасам хӯрда буданд.
Ҳамон рӯзе, ки Лутфияро Мӯнисаю Фахрӣ ба ҷари Говкуш бурда буданд, ҳамон лаҳзаҳое, ки Лутфия худашро ба ҷар афканду онҳо дасти ба даст аз сари ҷар баргаштанд, ҳар ду ба лаби кӯли шаҳр рафтанд, ки онро кӯли Комсомол ҳам мегуфтанд, кӯли бетаг, бесару бебар. Таг-таги дарахтони канори кӯл қадам заданд. Дили Мӯниса бештар фидои Фахрӣ гашт, барои Мӯниса аз баҳри духтари холааш гузашт, вайро кушт. Ба Фахрӣ дил надода, ба кӣ дил диҳад? Ӯро дӯст надошта киро дӯст дорад? Фидои ӯ нашуда фидои кӣ шавад?
– Фахрӣ, – дасташ дар дасти ӯ, дар зери як арчаи сарсабз истод. – Ман савганд мехӯрам, биё бо ҳам савганд ёд мекунем. – Гуфт Мӯниса.
– Баҳри чӣ?
– Аз ҳамдигар ҷудо намешавем, мемирему бо ҳам мемонем.
– Қасам мехӯрам, ки барои ту мемирам, барои ту ва боз ҳам барои ту! Ман ҳаминро мехоҳам, Мӯниса, ба ҳурмати Худо, ҳаминро мехоҳам.
Дар лаби кӯл қасам ёд карданд, қасам рӯи қасам, сад қасам.
Ҳоло барои Мӯниса роҳи дигар намонда, роҳаш якто. Субҳ медамид, субҳи охирини умри ӯ, субҳе, ки барояш равшан намешавад. Саросема аз ҳавлӣ берун омад. Рӯ ба роҳ шуд, роҳаш сӯи кӯл. Меравад, либосҳои арӯсӣ дар бар, номи Фахрии ба дилу ҷон баробар, аз ҷон ҳам азизтар дар забон меравад, ба ёди ӯ аз ин олам меравад…
26.10.2019

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё