Ишқи сархӯр

МАРГИ БЕГУНОҲ
Роман
Ба пеши пойҳояш қариб ҳамаи тирҳои автоматро холӣ кард, ба ҳаво, аз болои сараш тир андохт, зери мушту лагад кашид ӯро. Ба ҳамин дараҷа аз дасти қотил озор дид ва ҳис кард, ки ҳамин лаҳзаҳо ӯ вайро мепаронад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз ӯ гӯё намеранҷид ва ҳатто ба ҷонибаш назари норозиёна намеафканд, баръакс, дар ҳолате ки сараш чарх мезаду қариб аз ҳуш мерафт, бо азоб, бо душворӣ ба по меистод, ба ӯ рӯ оварда мегуфт:
– Ман аз шумо гиламанд нестам.
– Гиламанд нестӣ аз ман? – дар ҷавоб боз қундоқи автомат хӯрд, аз сару рӯ, болои чашму абрувонаш хун шорид, вале ӯ давом медод:
– Шумо маро намешиносед, аз ҳамдигар хафа, малол набудем, ҷанҷол надоштем.
– «Шумо» нагӯй, «ту» гӯй, ҳақорат кун, мекушамат, мефаҳмӣ, ман аҷалат, қотилат, маргат, кушандаат…
– Медонам, маро мекушед, аммо дар қиёмат аз шумо домангир намешавам, маро Хидиралӣ мекушад, вай қотили ман, Хидиралӣ қотили ман!
– Аҳмақ, – мили автоматро ӯ ҷонибаш гардонд, – сафсата нагӯй, ман туя мекушам, ман, Барзу, Хидиралӣ не! Номи ман Барзу!!
– Хидиралӣ шуморо ба ин роҳ андохт, вай ба мақсад мерасад, вай шод мешавад, вай орзу мекард: ба чашмаш натобам, набинадам, фарзандам бепадар, хонаҳоям вайрон шаванд, вай зану духтаронашро ба савдо монд, вай ҷони саги сиёҳ канд.
Вай! Вай!! Лек на...
– Чӣ на? Мебинӣ-ку, ман туро мепаронам, ман, ман, ман!
Калима арза кун.
– Хуб, додар, калима мегардонам, алҳамдулиллоҳ, мусулмонам, лекин тавба мегӯям, Худо мегӯям, ки касе мисли ман асири душмани номард нашавад. Шумо вайро намедонед, вай ба ҳама бадӣ кардааст, сиёҳдил, туҳматчӣ, бахил, кӯрнамак аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё