Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Куҷое, ки мехост Фахрӣ, ӯро мебурд. Ҷояшон аксар дараи Булбулон, лаби чашмаҳои обашон нуқратоби теппаҳо, зери бедҳои маҷнун, ки навдаҳояшон сар ба замин, хаймаҳо барин метофтанд, даруни боғи эшони Теша, ки хоначае дорад. Ҷои аз ҳама писандидаи Мӯниса хонаи худи Фахришон буд, шабҳое, ки падар дар кору модар меҳмонӣ рафта. То саҳар ширинкомӣ, бӯсу канор. Мехост шабҳо ба саҳар наоянд, модари Фахрӣ ҳамеша ба меҳмонӣ равад.
Дар хотир дорад, баъди ҷарроҳӣ шудани модараш ба вай фармуданд, ки чанд рӯз наздаш нишинад, об диҳад, касалбонӣ намояд, вале дар лаҳзаҳое, ки Фахрӣ дар таги тут пайдо мешуд, сӯяш медавид. Боре модар дар кор буду тифлакаш дар гаҳвора, Мӯниса кӯдакро бонӣ мекард, аммо Фахриро дар таги тут дида ба по не, бо сар сӯяш давид. Баъд вақте баргашт, гаҳвора чаппа шуда, хоҳарак қарибе ба ҳоли худ. Аз ин қазия дар хонадон огоҳ гаштанд. Вале Мӯниса ҳамон Фахрӣ мегуфту Фахрӣ. Ҳоло ҳам Фахрӣ гуфта, падару модарро шармандаи рӯи олам сохта, ба кӯи ӯ омад. Аммо вайро намеёбад. «Магар маро ҳам Фахрӣ миёни роҳ намуда?» – аз худ мепурсид. На.
Лаҳзаҳоеро ёд дорад ва дида, ки Фахрӣ барои ӯ гириста, сар боло карда ба рӯяш назар андохта натавониста, чашмонаш ҳавзи об.
– Чаро мегирйӣ, Фахрӣ? – мепурсид.
– Як чӣ гӯям? Ман туро дӯст медорам.
– Ман ҳам туро дӯст медорам.
– Медонам.
– Баъд ҷавон бо чашмони пуроб назди Мӯниса алами дил мекушод. Вай бачаи камбағал, нодор, хоҳ-нохоҳ Мӯнисаро ба ӯ намедиҳанд, замони боиву камбағалӣ шуда. Бо аламу гиря изҳор медошт, ки хоҳ-нохоҳ ӯ аз олами хушиҳояш, аз ситораи саҳар, пайванди дилу ҷонаш мемонад, як умр дар фироқи ӯ месӯзад, менолад.
Фахрӣ рост мегуфтааст, аз дасти Мӯниса ҳеҷ кор наомад, ба падараш ҳарфе гуфта натавонист, охири ишқу муҳаббати онҳо ба фоҷиа анҷомид.

пешина
аз 234
навбатӣ