Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Бомдодон ба рўйи гул шабнам
Медурахшид мисли лўълўе,
Мефишонд аз тирезаҳои яла
Ба ҳама синф анбарин бўе.
Ҳар саҳар омадан ба боғи гул
Ба Садаф шуғли беҳтарин гардид,
Духтари табънозуки гулбоз
Бо гули боғ ҳамнишин гардид.
Чида гулдаста аз гули садбарг
Ёд мекард як ҷавонеро,
Аз лаби бомҳои Душанбе
Ба сари ёр гулфишониро…
Дар чунин субҳ сўйи ин қишлоқ
Ки шитобон сабукраве ояд.
Ҳама гуфтанд, ки: ба пеши мо
Ояд аз шаҳр раҳбаре шояд.
Балки ояд раиси Совнарком,
Ё чу ҳаррўза котиби райком,
Балки мо корҳои колхозро
То ҳамин дам надодаем анҷом?
Чун сабукрав ба деҳ қарин гардид,
Дод ронанда сигнали бисёр.
Ба шигифт омаданд аҳли деҳ,
Ки чӣ сон одам аст, ин чӣ виқор?
Ҷамъ гаштанд аз калон то хурд
Гирди онро чу ҳалқа печонданд,
Дида як марди ношиносеро
Ҳама хомўшу бетараф монданд.
Ҳама буданд бетараф, оре
Садаф аммо дар изтироб афтод,
Мисли борон ба сатҳи дарёи
Сермавҷу пур аз ҳубоб афтод.
Аз тараб курта-курта гўшт гирифт,
Кард лабхандҳои ширине.
Лаб зад аз нав чу гул ба рухсораш
Орзуву умеди дерине…
Роҳ дар пешу ёр дар паҳлу,
Дастҳои Ҳасан ба рули машин,
Чархҳои машина мегаштанд,
Манзили дуро намуда қарин.
Дар бараш менишаст ёри азиз,
Буд аз хуррамӣ дилаш чун кўҳ,
Ба гумонаш, ки зиндагӣ ин хел
Ҳеҷ гоҳе надошт шаъну шукўҳ.
Дид он ин шукўҳро дар хеш,
Дар Садаф, дар нигоҳи чашми сиёҳ,
Дар суруде, ки мешунид аз дил
Дар насиме, ки мевазид аз роҳ.
Дар уфуқи баланди ҳалқаи кўҳ,
Дар ҳудуди васеи мулки азиз,
Дар сафедии рўдҳои шўх,
Дар кабудии сабзаи навхез.
Чўбу семент мекашонид он
Ба бинокори сохтмони Вахш,
То канал сохта равон созанд
Обро сўйи ташнагони Вахш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё