Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳр гўё, ки аз қафои сараш
Даст афшонда менамуд гусел,
Ошиқонро салом медоданд
Дар сафар манзил аз пайи манзил.

Мешуд аз қуллаи баландиҳо
Бо шуои чароғҳо ҳамсар,
Дар бари киштҳои водиҳо
Медамид аз замин чу гандуми тар.

Ба Садаф гуфт: – «Ҷонакам, дидӣ,
Чӣ қадар ин машина тездав аст,
Беқанат медавад ба рўйи замин,
Зеби ин роҳҳои хубу нав аст.

Дар ҳама ҷойи мамлакат дигар
Нест аз нусхаи машинаи ман,
Ҳама гўянд аз калон то хурд
З-ин сабаб ҳам ба ман, ки «қандата зан!»

– Ман надидам, ки бемуболиғае Зада бошӣ ту гап ягон боре.
– Дар гапам заррае муболиға нест, Ҷони ширин, макун маро хорӣ!

Росташро, Садаф, агар гўям,
Ту ҳам аз духтарони ноёбӣ.
Кас надидам, ки мисли ту бошад
Дар чунин дилбарию дилёбӣ.

Ба сари теппаҳои Обикиик
Мошини ў даме ки боло шуд,
Дар ду паҳлуи кўҳи Боботоғ
Сабз ду манзара ҳувайдо шуд.

пешина
аз 143
навбатӣ