Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳасан аз хат, кинояти хаткаш
Сурх шуд, даргирифт мисли алав,
Гуфт: - Бас кун! Кӣ хат фиристодаст?
Дар даруни хат аст чӣ гапи нав?

– Нома аз духтаре, Садаф номе,
Гир онро ба ҳар ду чашмат мол.
Шукр кун, шукр – ношукр банда!
Макун ин қадр дур фикру хаёл.

Раҳравон буд фикру зикри Ҳасан
Ҳам ба мазмуни нома, ҳам ба Садаф,
Сар намедод чун васиқаи умр
Номаи ёри хешро аз каф.

Ҳиҷҷа мекард ҳарфҳояшро,
Матни онро вале намефаҳмид,
Бе тараҳҳум ба камсаводии худ
Таъна мекарду сахт меранҷид.

Ба кӣ хонондаву чӣ сон пурсад,
Ки чӣ гуфтаст ёри ў дар хат,
Балки дар номааш ба ҷойи салом
Ишқро мекунад Садаф лаънат.

Ба Садафмоҳ узрхоҳона
Ҳар чӣ бошад, ҷавоб хоҳад дод,
Аз раҳи мардию вафодорӣ
Мекунад ёри қадрдонро ёд.
Аз пайи ҳам ду «М-ка»-и хушранг
Рў ба рў омаданд дар ин вақт
Дар яке менишаст болида
Шармолуд – келини хушбахт.

Духтарони дигар ба паҳлуяш
Шодмон «ёр-ёр» мегуфтанд,
Ба арўсон ҳамешагӣ бодо
Толеъу бахт ёр – мегуфтанд.

Бе танаффус машина сигнал дод,
То барорад аробаро ба канор,
Пешпо хўрд асп тўрида,
Сарнагун пас фитод дар ҷўбор.

Сўхт бисёр аз он димоғи Ҳасан,
Аспро дод аз ғазаб дашном.
Гуфт: - Коҳу ҷаве, ки медиҳамат,
Ба ту гардад ҳазор бор ҳаром!...

Гуфт: - Ҳар як арўси инвақта
Аз ароба кунун ҳазар дорад.
Ҳаваси бо машина рафтанро
Дар деҳу шаҳрҳо ба сар дорад.

Хулласи гап, ки обрўи Ҳасан
Шуд мубаддал ба як пули пуччак.
То кай аспу аробаро созам
Мани гумроҳ дар ҷаҳон дастак.

пешина
аз 143
навбатӣ