Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Бар қафои ароба часпида
Раҳравон мешуданд овезон,
Медавиданд тўда-тўда шуда
Пеш-пеши ароба хандакунон.
Ҳасан аз кори баччагон баъзан
Пурғазаб гашта сахт меранҷид,
Худ ба худ гоҳ завқҳо карда
Мисли кўдак баланд механдид.
Кайф мекард, ки дар атрофаш
Қад-қади роҳ боғу майдонанд,
Сари ангурҳо чу марворид
Дар таги баргҳо авезонанд.
Баргҳои дарахтҳои тут
Нахи абрешимин нисор кунанд,
Давлати колхозчӣ - деҳқонро
Яке бар даҳ дусад ҳазор кунанд.
Дар бригадаҳои колхозӣ,
Дар заминҳои беканорҳудуд,
Пахтаи нахдарози ин водӣ
Кўҳ-кўҳу ғарам-ғарам пур буд.
Ҳасан ин сарвати фаровонро
Як-як аз пеши чашм мегузаронд, Сўйи қишлоқҳои хушманзар
Чархҳои аробаро меронд.
Омад овоз аз қафои сараш
– Ист як дам, аробакаш, машитоб!
Пурсам аз ту гапи муҳиммеро, Мондам аз пой аз барои савоб.
Дошт як сумкаи калон дар кифт
Мардаки хаткашони колхозӣ.
Хаткашонӣ барои почталион
Нест як кори шўхию бозӣ.
Медавад аз пагоҳ то бегоҳ
Бо хату бо газет ба ҳар дару кўй,
Мекунад одамони гумшударо
Гашта-гашта суроғ, пурсуҷўй.
– Ту магар нестӣ Ҳасан? – Ҳа, ман,
Марҳамат кун, ба ман чӣ гап дорӣ?
– Ба ту аз шаҳр нома омадааст,
Кардамат ҷустуҷўи бисёре.
На макони муайяне дорӣ,
На қароре ту дар ягон манзил,
Ман ба як деҳ равам, ту бар дигар,
Сад мазаммат намудамат дар дил.
Дидам ин, ки аробаи шалақе
Хўрда алвонҷ меравад лиқ-лиқ,
Гуфтам: - Албатта, ин туӣ, чунки
Кист чун ту аробаро ошиқ?.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё