Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Магар ин каста авлоди башар нест,
Ки аз ў дигаронро ҷуз ҳазар нест?!
Магар ин расм як расми қадим аст,
Магар чўхра гунаҳкори азим аст?!
Ки ў монад қадам гар дар хиёбон,
Бараҳманро кунад хотирпарешон.
Ба ў гўянд, ки «эй марди дарвеш,
Палидӣ ту, палидӣ ту, наё пеш!»
Чамарро дар миён як ресмонест,
Ки ин аз бандагӣ ўро нишонест.
Бараҳманро фитад гар сояи ў,
Намояд шустушўяш дояи ў.
Чамар гирад агар дасти трамвай,
Ҳазаромез гўяндаш, ки «Ҳай! Ҳай!»
Ҳазорон сол боз ин турфа мардум
Зи ҳаққи зиндагонӣ гашта маҳрум.
Ба ин ойину ин расми хабисӣ
Чаро розист лорди англисӣ?!
Ба мулки ношиносе бо рафиқон
Шудам як моҳ мисли дўст меҳмон.
Касе бо ман дар он ҷо рў ба рў шуд,
Зи ҷону дил шарики гуфтугў шуд.
Чаро сар то ба по ларзиду наншаст?
Наяфшурд аз барои чӣ маро даст?
Чу оҳуи биёбонӣ назар кард
Ба ҳар сўе, магар аз ман ҳазар кард?
Ба ман ў гуфт бо овози хомўш:
«Намесозам туро ҳаргиз фаромўш».
Равон гаштем бо чандин васила
Ба назди ҳиндувони ин қабила.
Маро ҳаргиз нахоҳад рафт аз ёд
Рухи он мардуми мазлуми ношод.
Сиришки дидаҳои ғуссахона,
Дили тири маломатро нишона,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё