Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дароз он дастҳоеро, ки дидам
Ба сўйи одами ин мулки аъзам,–
Ба сўйи одами озоди гетӣ–
Саодатманд фарзанди советӣ.
Бидидам дар паси кўҳи Ҳимолой,
Замини сабзу зархезе саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Барояд бо табассум гар зи хиргоҳ
Хиёнаткори ҷамъият чу рўбоҳ,
Бирав халқи ситамкашро хабар кун:
«Махав омад, махав омад, ҳазар кун!»
1947
«МЕҲМОН»-И МАҒРИБӢ

Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо,
Қиссаи деринаи Банголаро?
Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон
Ҷилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон?
Ҳеҷ шунидӣ ту, ки дар офтоб
Об чу симоб хўрад печутоб?
Ҳеҷ шунидӣ ту, ки кўҳи баланд
Дар сари худ чатр кашад аз паранд?
Об равад таг-таги яхҳои пир
Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир.
Лолаву себарга ба вақти саҳар
Ҳалқабагўшанд зи лўлўи тар.
Ҳеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб
Сайркунон лона гузорад уқоб.
Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш,
Дар сари кўҳи абадӣ нуқрапўш.
Ҳеҷ шунидӣ, ки дарахт аз бадан
Бол барорад ба ҳавои чаман.
Нахл дар он ҷо ба сар андохта,
Аз пари товус кулаҳе сохта.
Гашта дар он ҷо ватани ҷонварон–
Бойтарин сайдгаҳе дар ҷаҳон.
Наъраи фил ояду бабру паланг,
Савти хуши булбулакон ранг-ранг.
Ҳаст замини заҳи пур аз мағок,
К-аз нами ў мешавад одам ҳалок.
Маймуни посўхта, думсўхта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрўхта.

пешина
аз 143
навбатӣ