Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Бидидам дар паси кўҳи Ҳимолой
Замини сабзи зебое саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Нагўям ман дар ин як шеъри кўтоҳ
Зи ҳар чизе, ки мо гаштем огоҳ.
Нагўям ман на аз ҷодугаронаш,
На аз чашмони тарсодухтаронаш,
На аз осорҳои мармаринаш,
На аз мумтозҳои нозанинаш,
На аз раққосаи товусхиромаш,
На аз овозхони хушкаломаш,
На аз оҳуи кўҳии раманда,
На аз кабки ғазалхони паранда,
На аз фили сафеди кўҳвораш,
На аз ғоратгарони киштзораш,
На аз рикшу на аз ҳиндуи бадбахт,
На аз оғову давлатманди дилсахт,
На аз бабру паланги даҳшатангез,
На аз хашму адоватҳои хунрез.
Ҳикоят мекунам бо қалби пуршўр
Ҳаёти мардумони зиндадаргўр.
Ба рўйи қабри онҳо гул нарўяд,
Агар рўяд, касе онро набўяд.
Ба олам касби онҳо ҷойрўбист,
Фақат занбаркашию сангкўбист.
Фурў бар зери конҳо муфт рафтан,
Ба нохун оҳану пўлод суфтан,
Ҳазор алфози бад ноҳақ шунидан,
Лабони хеш бо дандон газидан.
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон
Надорад қадру қимат мисли инсон?
Надорад иллате, зулми замона
Намуд онро ба бадбахтӣ равона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё