Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

X
Бад-ин сон рўзу шабҳои дарозе
Ватанро Қодир аз худ кард розӣ.
Далеронро ба майдон сарварӣ кард,
Басе ҷанговарию сафдарӣ кард.
Агарчи борҳо шуд арсааш танг,
Валекин устуворӣ кард чун санг.
Агарчи борҳо зери хатар шуд,
Вале азмаш қавию зўртар шуд.
Кадомин боз тарсад аз саҳобе?
Кадом оташ бигирад роҳи обе?
Кӣ дида кўҳро, к-аз бод ларзад?
Дили марде, ки аз ҳар хавф тарсад?
Шавад меҳри Ватанро кас хуморӣ,
Ба роҳаш кам шуморад ҷонсупорӣ.
Дилаш хоҳад, ки бахшад як ҷаҳоне,
Фидо созад замину осмоне.
Нахоҳад гуфт то ҳангоми мурдан
Ба поён омад акнун хизмати ман.
Ба вақти долузарби саф шикастан,
Ба рўйи хасм роҳи ҳамла бастан,
Ба вақти ҷанг ҷонбозӣ намудан,
Ба вақти деҳае озод кардан,
Ҷудо шуд гарчи Қодир аз ду дида
Зи ҳар ду дидаи қиматхарида,
Сари пурифтихори хешро паст
Накарда сўйи душман боз меҷаст.
Вале аз ноилоҷӣ кард итоат
Ба дасти хоҳари ҷангии шафқат

пешина
аз 143
навбатӣ