Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

XI
Ту дар беморхона паҳлавонро
Кунун дар хоб бинӣ рў ба боло.
Ду чашмаш гарчи ту пўшида бинӣ,
Дилаш бедору хун ҷўшида бинӣ.
Магар афтида дар баҳри хаёле?
Магар овора дар дашти висоле?
Магар кораш ба поён норасида
Ба ногаҳ шуд нахи тораш бурида?
Магар гум кард нўги риштаи хеш?
Дарав оё накард ў киштаи хеш?
Ки дар беморхона буд Қодир
Ҳамеша тангдил, ошуфтахотир?
Ба худ мегуфт, ки аз ҳар ду дида
Ҷудо гаштам ба мақсад норасида,
Ҳанўз он ваҳшии захмӣ намурдаст,
Аҷал онро ба гўристон набурдаст.
Ҳанўз айёми ҷанг асту ҷидол аст,
Ба душман вақти овардан завол аст.
Вале аз дида ман маҳрум гаштам,
Ба беморӣ чунин маҳкум гаштам.
Дилам мехост, ки бо чашми бино
Расонам ман ба охир кори худро.
Назар созам диёри хештанро–
Рухи шоду зафарманди Ватанро.
Бубинам равнақи ояндаи ў,
Ҷамоли ҳамчу гул дар хандаи ў.
Аз ин лаззат вале ман дур мондам,
Ҷудо аз дидаи пурнур мондам.
Намебинам дигар ман моҳпора,
Нигори беҳтар аз тобон ситора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё