Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ба пояш душманон занҷир бастанд,
Ду дасташро бибастанду шикастанд,
Забони духтар аз ҳалқаш кашиданд,
Дили пурорзуяшро дариданд.
Тани пурзахми он оғўшта дар хун,
Се ҳафта монда буд аз хок берун.
На ҳадди кас, ки гирад аз заминаш,
На рухсат, ки касе гардад қаринаш.
Тани покаш пас аз пўсида гаштан,
Ба мо доданд амри дафн кардан,
Танаш кардем ҷо дар хоки мартуб,
Ба дил меҳраш чу як фарзанди маҳбуб.
Ба бедорӣ нишинам бо хаёлаш,
Ба хобам зинда мебинам ҷамолаш.
Ту ҳам аз бар намо ин достонро,
Бирав, огаҳ кун аз ин мардумонро ».
Микола бо рафиқи хеш Қодир
Ба рўйи қабри духтар гашт ҳозир.
Сари ҳурмат ба поин хам намуданд,
Адоватро адоват зам намуданд.
Қасамро дар забон аз сар гирифтанд,
Туфанги хеш маҳкамтар гирифтанд.
Ба дил гуфтанд, ки вақти ҳисоб аст,
Дуаспа марги душман дар шитоб аст.
Аз ў ҳар кас чи қадре ки тавонад
Бибояд интиқомашро ситонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё