Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

«Микола, рав ҳимоят кун Ватанро,
Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро.
Агар хоҳӣ, ки худ нохуш набошӣ,
Падарозору модаркуш набошӣ,
Агар ту ишқро дорӣ муқаддас,
Агар онро нигаҳ дорӣ зи нокас,
Бирав, нобуд кун яғмогаронро,
Фашистон – душманони молу ҷонро».
Ман ин гапҳои ўро чун шунидам,
Зи ҷо чун зарраи оташ паридам.
Ба ў гуфтам, ки ман рафтам, ту хуш мон,
Дар ин раҳ лозим ояд, медиҳам ҷон!
Аз он дам то кунун як сол рафтаст,
Ки маҳкам дорам ин милтиқ бар даст.
Агарчи аз сад афзунаш бикуштам,
Вале сустӣ набинӣ ту ба пуштам.
Намедонам, ки ў имрўз чун аст,
Сари ўро чӣ сон савдо фузўн аст.
Агар зиндаст, балки партизан шуд,
Ба зўрӣ ё канизи аҳриман шуд.
Ба номўсаш фритсе балки зад чанг,
Далерӣ карду балки мурд дар ҷанг.
Хулоса, эй рафиқи меҳрубонам,
Ту мебинӣ, ки дар садҳо гумонам».
Микола қиссаашро мухтасар кард,
Ба Қодир қисса чун оташ асар кард.
Магар з-ин қисса он доманзанӣ кард,
Ки ин аз сўхтан барқафканӣ кард?
Магар он боди тўфоноваре буд,
Ки ин дарёи пурҷўши ғазаб шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё