Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магар он зилзила афканду ҷунбонд,
Ки ин монанди кўҳе пайкар афшонд?
Магар он аз адоват дод таълим,
Ки бар шамшери худ ин кард таъзим?
Пас аз таъзим гуфт: - «Эй дўсти ман,
Ҳанўз ин ҷон, ки боқӣ ҳаст дар тан,
Ба майдон бинӣ аз ман тохтанро,
Сари душман зи тан андохтанро.
Пас аз ин қиссаҳо аз ақлу ҳушам
Садои интиқом ояд ба гўшам.
Ба ҷавлон афканам аспи давандам,
Кунам тай Украинро бо самандам.
Саманди хоназоди бузкаш аст он,
Ба вақти раҳравӣ чун оташ аст он.
Умедам ҳаст, ки то шаҳри Берлин
Маро бо худ барад ў дар сари зин.
Равад то бар сари Заҳҳоки Морон,
Бигирад интиқоми додхоҳон.
Ба дашти Украин чун ёдгорӣ
Ба ў хоҳам, ки пас ҳайкал гузорӣ.
Ба чашмат дида ҳар дам аспи манро
Ба ёдат оварӣ ҷанги Ватанро,
Аз он бар дидаи озод дунё
Нишони дўстӣ созӣ ҳувайдо,
Ба рўяш Тоҷикистонро ту бинӣ,
Бинои аҳду паймонро ту бинӣ».

пешина
аз 143
навбатӣ