Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ба Қодир баъд аз он гуфто ҷавонмард,
Ки: - «Эй бо ман шарики шодию дард!
Ту бо ман дидаӣ гармию сардӣ,
Шикасту фатҳ дар ин роҳи мардӣ.
Назар андоз сар то пайи манро,
Нигаҳ кун оташи савдои манро,
Ту бингар Украини меҳрубонро,
Рухи зарду дили хунини онро.
Ба роҳаш не ҳарос аз тир дорам,
На тарсе аз дами шамшер дорам.
Равад ин роҳи танг аз бешазорон
Ба сўйи Украини ҳамчу бўстон.
Зи хурдӣ ман ба ин раҳ ошноям,
Фақат як сол шуд аз ў ҷудоям.
Зи ман хоҳад, ки ҳар кас гардад огоҳ,
Муфассалтар ба ў мегўяд ин роҳ.
Хабар дорад вай аз гулҳои боғам,
Ба шаб дар хона аз равшан чароғам.
Тавонад гуфтан аз ишқи ҷавоне
Ҳикоятҳои ёри дилситоне.
Ба қишлоқе, ки аз ҷангал аён аст,
Ҳуҷуми бомдодиро нишон аст,
Марина ном зебо духтаре буд,
Ки бо ман меҳрбон як дилбаре буд.
Зи рўяш себҳоро ранг баста,
Ба мўяш қимати зарро шикаста.
Ба хизмат чун маро даъват Ватан кард,
Ба ман ин гуна ў ҷиддӣ сухан кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё