Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Равон бас танк шуд чун кўҳи оҳан
Ба тундӣ сўйи истеҳкоми душман.
Зи ҳар ҷониб далерони пиёда,
Ба ях сарсинаи худро ниҳода,
Саросар аз ғазаб лабҳо газиданд,
Ба сўйи душмани малъун хазиданд.
Сари ҳар найзае гардид хунрез,
Дами ҳар теғи мо дар ҳар задан тез.
Ҳама аз кайфи ҳамла маст будем,
Ба гармӣ оташи пуршаст будем.
Ба болои сари немиси ҳайвон
Даме ки теғи ман мекард ҷавлон,
Офитсере нишони худ маро сохт,
Ба мисли дузд аз пушти сарам тохт.
Дар ин ҳангом човандози тоҷик,
Кушода чанги худ шаҳбози тоҷик,
Гирифт аз гардани ғафси офитсер,
Чу буз андар рикобаш зад сарозер.
Рухаш бўсида гуфтам, ки чӣ мардӣ,
Маро гўё дубора зинда кардӣ.
Аз он дам ман ба ў ихлосмандам,
Сари таслим дар пешаш фикандам.
Ҳамон марде, ки ҳоло достон аст,
Ҳамин биншаста Қодирпаҳлавон аст».
Чунин бошад тариқи дўстдорӣ,
Ба ҳамдигар асосу шарти ёрӣ.
Чунин бошад хатарро дур кардан,
Ватанро, халқро машҳур кардан.
Ватан вақте ки амри модарӣ дод,
Баҷоорандагонашро шараф бод!

пешина
аз 143
навбатӣ