Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гурўҳи партизан – халқи зиреҳпўш
Сипоҳи Сурхро бинмуд оғўш.
Чу хуни як бадан бо он даромехт –
Ту гуфтӣ ҷў ба дарёи калон рехт.
Ба дарё рехт, то ки сел гардад,
Ба қудрат сели оҳанхел гардад.
Даруни беша то фурсат расидан,
Ба сўйи субҳ то нуре дамидан,
Саворони гвардейсӣ шаберо
Ба сар бурданд назди партизанҳо.
Сухан то рўз гуфтанду нахуфтанд,
Ҳар он чӣ гуфтанӣ буд, хуб гуфтанд.
Сухан гуфтанд аз ғолиб ва мағлуб,
Сухан аз ишқи бемонанди маҳбуб.
Ҷавоне з-он миён лабро кушода,
Суханро чида обутоб дода,
Ҳикоят кард бо ҷўши ҷавонӣ
Ҳадиси рўзҳои қаҳрамонӣ:
– «Чу сармои зимистон қаҳр ангехт,
Сипоҳи барфро аз осмон рехт,
Ҳамон рўзе, ки тўфон тоб мехўрд,
Замин дар зери ях сардоб мехўрд,
Сипоҳи Сурхи мо чун бод бархост,
Ба душман ҳамла овард аз чапу рост.
Париданд аз даҳони тўпи сафдар
Паёпай тирҳои оташинпар;
Уқобон дар ҳаво парвоз карданд,
Ба дафъи каргасон оғоз карданд;

пешина
аз 143
навбатӣ