Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

СУРУДИ ВИДОӢ
Видоъ, эй даштҳо, эй лолазорон!
Видоъ, эй наҳру ҷўҳои зарафшон!
Видоъ, эй дўстони беҳтар аз ҷон!
Видоъ, эй дилбарам, рафтам ба майдон!
Маро беҳтар зи ту ёри дигар нест,
Зи ман дар ошиқӣ ҷонбозтар нест.
Ба майдони ҳунар аз мард будан
Барои ошиқон беҳтар ҳунар нест.
Машав навмед, эй ҷононаи ман,
Ки мегардам ба зудӣ чун Таҳамтан.
Ватанро аз фашистон пок созем,
Ба мову ту халоиқ гўяд аҳсан.
VIII
Даруни бешаи анбўҳраста,
Ки буд аз дидаи бегона баста,
Пас аз як ҷанги пуршиддат сипоҳе
Ба хеш овард як муддат паноҳе.
Агарчи буд рўйи беша зебо
Ба ҳангоми баҳори оламоро,
Вале чандин ҷароҳат дар бадан дошт,
Даруни сина доғи сўхтан дошт.
Вай огоҳ аст аз боди мухолиф,
Шуда аз даҳшати ин ҷанг воқиф.
Дилаш гардида субҳу шому бегоҳ
Ҳазорон тири сўзонро гузаргоҳ.
Ба ҷойи обҳои навбаҳорӣ
Дар он ҷўҳои хун гардида ҷорӣ.
Таги ҳар як дарахти бешазорон
Фритсу Гансҳо хобида беҷон.
Чу нўги найза ҳар шохе хамида,
Ба рўйи синаи онҳо халида.
На аз парандае монда нишоне,
На дар болои шохе ошёне.
Фақат медид кас хокистареро,
Ба ҳар ҷо сўхта болу пареро.
Гумон кардӣ, ки мисли шери бадхашм
Калон бикшода беша косаи чашм.
Гирифта сахт зери панҷаи тез
Тани мурдори садҳо гурги хунрез.
Ба сўйи бешаи манзилгаҳи шер
Равад гурге, ки аз ҷонаш бувад сер.
Дар он ҷо партизан медошт маскан,
Ки то гирад қасосашро зи душман.
Талаб мекард хун монанди шамшер,
Нафас чун оташею дар ғазаб шер.
Ба гирди беша омад мисли занҷир
Сипоҳи хасм бо сад гуна тадбир.
Умеде дошт он хасми ғазабнок,
Ки созад бешаро аз партизан пок.
Ба уммедаш валекин норасида,
Зи теғи партизан шуд сарбурида.
Сипоҳи мо ҳуҷум оғоз карда,
Наҷоторанда байрақ боз карда,
Ба Ғарб омад чу дарёи хурўшон,
Ба мисли раъдҳои барқафшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё