Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қомати онро сарӣ печонда буд,
Дар ҷабинаш холи ҳинду монда буд.
Кокули маъшуқаи ошиқнавоз
Буд мисли мўйҳои ту дароз.
Чун зани тоҷик – соҳибхоназан
Доштӣ пироҳани атлас ба тан.
Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,
Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.
Ёд дорӣ, ки ҳабаш биншаста буд,
Ў лаби нони туро бишкаста буд?
Дўстро чашмони он мекофтанд,
Сўйи ҳар кас чун шафақ метофтанд.
Ин писар аз кишвари Ангола буд,
Дар дилаш ғамҳои чандинсола буд.
Сарзаминаш гарчи дорад найшакар,
Гарчи хирман-хирман алмосу гуҳар,
Меҳмон, аммо каси бечора буд,
Хушк–маҳкам мисли оҳанпора буд.
Аз ҷафоҷўён шикоят дошт он
Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он.
Чунки ў медид дар атрофи хеш
Дўстони бовафоро беш - беш.
Ман сиёҳам, – гуфт, - авлодам сиёҳ,
Ин сиёҳӣ шуд ба мо гўё гуноҳ.
Бо ҳабаш торикшаб ҳамранг шуд,
Ин ҷаҳон чун гўр моро танг шуд.
Бандаҳои ҳалқабаргўшем мо,
Зиндаҳои хонабардўшем мо.
Хоҷагон аз мо ғуломон бурдаанд,
Симу зар ҳамён - ҳамён бурдаанд.
Мо на дар зери ҳарорат сўхтем,
Балки аз зулму асорат сўхтем.
Сўхтем аз зарпарастони сафед,
Сўхтем аз мулкдорони сафед.
Аз ҳабаш ҳастанд гарчи пурҳазар,
Гарчи месозанд дур аз мо гузар,

пешина
аз 143
навбатӣ