Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Чӣ сон бо ёди шамси лаълрухсор,
Шафақ аз дил кашад оҳи шарарбор.
Фақат медид Машриқи куҳанро,
Намоишгоҳи тобуту кафанро.
Ба ҳуҷра мешуданд аз як қабат дар
Ҳам одам, ҳам ҳаво дохил баробар.
Адиб аз мадраса аз ҳуҷраи тор
Нигаҳ мекард бар шаҳри дилозор,
Ба зери гунбази шаҳри Бухоро
Фақат медид торик Осиёро.
Дар он ҷо хуни одам ҷўй мешуд,
Замин аз мурдагон бадбўй мешуд.
Дар он ҷо марг хандон кафзанӣ дошт,
Сиёҳӣ бо сафедӣ душманӣ дошт.
Саҳарро, шомро мекард таъин
Ба аҳли ҳуҷра овози муаззин.
Чароғи мадраса дар кунҷи тира
Ба мисли кирми шаб месўхт хира.
Ба чашми нурҷў, марди адабгоҳ
Гаҳе Хайём мешуд шўълаи моҳ.
Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,
Ба гирди Рўдакӣ сайёра мешуд.
Чароғ аз назм, нур аз назм меҷуст,
Ба ишқи назм мисли сабза меруст,
Сухан аз назми сеҳрангез мегуфт,
Ба ёди назм ў мехост, мехуфт.
Ягона дафъи савдояш ҳамин буд,
Ҳаёти нурҷўянда чунин буд.
Ба ў гуфтанд, ки «Рўзат сиёҳ аст,
Ба одам равшаниҷўйӣ гуноҳ аст.
Ту акнун дар чаҳи зиндон бихобӣ,
Бимирию муроди дил наёбӣ».
Ба болои сараш ҷаллод омад,
Дами шамшери истибдод омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё